Мақсад – баланд бардоштани маърифати тиббӣ

[:tj]Имрўзҳо дар миқёси вилояти Суғд ҳам вобаста ба таъмини иҷрои барқияи Хадамоти муҳоҷират №176/397 аз 22.05.2018 шуъбаю бахшҳои зертобеи он корбарӣ намуда истодаанд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси барқияи мазкур барқияи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №16/1-215 аз 25.05.2018 низ барои иҷроиш ба шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Дар онҳо ташкил ва гузаронидани мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа ва бурдани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ вобаста ба мубориза бо бемории норасоии масунияти одам вазифагузорӣ шудааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои ин барқияномаҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ чорабинии навбатиро дар маркази ноҳия ташкил намуд, ки дар он 55 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати бехатар низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

                                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар ноҳияи Мастчоҳ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо