Мизи мудаввар бо ҷалби ҷавонон

[:tj]Мизи мудавваре, ки бо ташаббуси бахшиХадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ғончӣ дар ҳамкорӣ бо бахшҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ доир гардид, ба мавзўи «Танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ва ҳавасманд гардонии онҳо ба меҳнати созанда дар кишвар» бахшида шуд.

Чуноне мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Санавбар Баҳодурова иттилоъ дод, чорабинӣ дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳия ҷараён гирифт ва дар он зиёда аз 70 нафар ҷавонон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ғончи, Ғазантарак ва Яхтан, ки як қисмашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буданд, иштирок намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар ба ғайр аз масъалаи рафти татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018 ва танзими муҳоҷирати меҳнатии насли ҷавони ноҳия ҳамчунин масоили муҳоҷирати меҳнатии бехатар, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, ҳамзамон омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъди суҳанронии мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ғончӣ С. Баҳодурова, бахши ҷавонон ва варзиш В. Қўлдошев, кор бо занон ва оила З. Аҳмадҷонова ва мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Д. Маматқулова вобаста ба масъалаҳои баррасигардида аз ҷониби як гурўҳ хонандагон саҳначаҳои хусусисяти маърифатӣ – тарбиявї дошта намоиш дода шуд.

Дар рафти мусоҳибаи озод ва саволу ҷавоб иштирокчиён андешаҳои худро баён намуда, ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

Аз ҷониби ташкилкунандагон дар ҷамъбасти мизи мудаввар ба иштирокчиён чанд номгўй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас шуд.

 

                                                                                Мардон Қурбонов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо