Мизи мудаввар вобаста ба масоили гендерӣ

[:tj]Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем.

Бояд гуфт, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ – техникӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла ҳоло дар миқёси Ватани соҳибистиқлоламон Барномаи давлатии ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш барои солҳои 2012 – 2020 ва дар заминаи он Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш” бомаром татбиқ шуда истодаанд.

Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш” 16 ноябри соли 2015 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расида, баъди ҷонибдорӣ ёфтан дар мақоми олии қонунгузори кишвар татбиқи он санаи 9 марти соли 2016 оғоз шудааст ва то 31 августи соли 2021 идома меёбад. Татбиқи лоиҳа ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мебошад.

Лоиҳаи болозикр самтҳои такмилдиҳии методология, беҳтар намудани шароити таҳсил, тақвиятбахшии барномаҳо ва роҳбариву идоракунии системаи таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзишро фаро гирифта, мақсад аз татбиқи он қабл аз ҳама мусоидат ба мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ – техникӣ ва методӣ, барқарорсозии инфрасохтори системаи таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон, ҳамзамон тайёр кардани мутахассисон дар асоси омўзиши талаботи бозори меҳнат аст.

Лоиҳа аз рўи 17 ихтисос дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Кушониён, 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали маркази таълими калонсолон, 2 филиали маркази касбомўзӣ ва соҳибкории 23 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ татбиқ мешавад. Аз ҷумлаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров ба ин рўйхат шомил мебошанд. Дар доираи лоиҳа соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика соҳаҳои стратегӣ арзёбӣ шудаанд.

То имрўз дар доираи татбиқи лоиҳаба ғаӣр аз ташкил ва гузаронидани зиёда аз 100 семинари омўзишӣ, таъмиру тармим ва сохтмони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, таҳияи чандин номгўй санадҳои меъёрӣ ва маводҳои методӣ, гузаронидани панели коршиносон ва таҳияи харитаи 17 касб ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иловатан аз рўи 3 касб – бариста, бартендер ва пешхизмат панели коршиносон гузаронида, харитаи ин касбҳо ҳам таҳия шудааст.

Дар баробари дигар афзалиятҳо лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш” яке аз лоиҳаҳои муҳим дар таъмини баробарии гендерӣ эътироф гардида, кормандони Бонки Осиёии Рушд барои банақшагирии он дар соли 2015 соҳиби мукофоти махсус шудаанд. Дар ин самт фаъолияти лоиҳа ба ҳали масоили гендерӣ дар соҳаи маориф, бартараф намудани маҳдудиятҳои дастрасии духтарон ба низоми таҳсилоти касбӣ – техникӣ, сегрегатсия ё ҷудокунӣ дар интихоби ихтисосҳо, ки аз рўи анъана ихтисосҳои хоси бонувоннабуда ҳисобида мешаванд, тақвияти иқтидори шарикони лоиҳа оид ба муаммоҳои гендерӣ буда, ҳадафи Барномаи намунавии баробарии гендерӣ (БНБГ) нишон додани манфиатҳои сармоягузорӣ барои ҷалби занону духтарон ба омўзиш, андешидани чораҳои махсуси муваққатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди омўзиш ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор аз рўйи ихтисосҳои ғайрианъанавӣ бо назардошти дастрасӣ ба шуғлҳои баландмузди ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат мебошад.

Ноил гардидан ба ин ҳадафҳо асосан бо роҳи баланд бардоштани ҳассосияти гендерии шарикони асосии лоиҳа, тақвияти салоҳияти касбӣ ва даромад аз кориба воситаи ҷудо намудани идрорпулии яксола барои 2230 нафар занону духтарон, бахусус аз оилаҳои камбизоат ва осебпазир, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳли ҷомеа, хосатан падару модарон ҷиҳати мусоидати онҳо ба фаро гирифтани бонувон бо омўзишу шуғли ғайрианъанавӣ, тақвияти ҳамкорӣ оид ба шарикии соҳавӣ дар самти бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани донишҷўёни бо ихтисосҳои ғайрианъанавӣ дипломгирифта аз ҷониби кордиҳандагони эҳтимолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои бонувони касбомўз дар синфхонаю устохонаҳои таълимӣ, ҷалби ҳарчи бештари занон – иштирокдорон дар барномаҳои фарогирї ба муносибатҳои бозори меҳнат равонакардашудаи лоиҳа ва таъмини ширкати онҳо аз дастгоҳи идоракунии муассисаҳои таҷрибавӣ дар тренингу семинарҳои омўзишии марбут ба муносибатҳои нави омўзиш ва идоракунӣ имконпазир аст.

Натиҷаҳои ниҳоӣ аз татбиқи лоиҳа чунин арзёбӣ мешаванд: то соли 2020 теъдоди духтарон дар 12 курси ғайрианъанавии меъёрҳои стандартӣ ва 5 литсейи таҷрибавӣ то 20 фисад афзоиш меёбад; ҳадди ақал 50 фисади хатмкунандагони БНБГдар ихтисосҳои ғайрианъанавӣ соҳиби сертификат мегарданд; шарикони саноатии лоиҳа хатмкунандагони муассисаҳоро бо ихтисосҳои ғайрианъанавӣ ҳадди ақал то 50 фисад бо кор таъмин менамоянд; аз 15 ҳазор нафар фарогирифтагони барномаҳои ба муносибатҳои бозори меҳнат равонагардидаи лоиҳа ҳадди ақал 40 фисадашро занону духтарон ташкил медиҳанд; на камтар аз 40 фисади занону духтарони таҳсилкарда бо ҷойи кор таъмин ё дар муддати шаш моҳ пас аз хатми  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба шуғли баландмузд машғул мешаванд.

Ҳамаи ин маълумотҳо ба самъи иштирокчиёни мизи мудаввар, дар мавзўи “Тақвияти ҳамкориҳои муштараки муассисаҳои ҳадафии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш” бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҳадафӣ, Ассотсиатсияи корфармоён ва иттифоқҳои касаба, соҳибкорн ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи босамари Барномаи намунавии баробарии гендерӣ” расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар ҳошияи  Протоколи ҷаласаи Гурўҳи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омўзиш”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азиз Иброҳим таҳти №6/25-24 аз 11 майи соли 2018 доир гардид.

Иштирокчиён дар рафти суханронӣ, муаррифии лоиҳаю барномаҳо ва самтҳои асосии фаъолият, намоиши филми ҳуҷҷатӣ, муҳокимаронию тавсиядиҳӣ ва дигар қисматҳои семинар бори дигар ба чунин хулоса омаданд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон чун ба нерўи бузурги созанда таваҷҷуҳї зоҳир менамоянд ва барои таъмини зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои судманд меандешанд.

Дар радифи дигар масоили доғи рўз ҳали муваффақонаи мушкилоти гендерӣ ҳам талаби замони муосир аст. Дар ин самт ҳар қадар бештар муваффақ шавем, ҳамон андоза аҳли ҷомеа манфиат мебинанд.

 

                                                                                                  Мардон Қурбонов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо