Мулоқоти дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Намояндагони вазорату идораҳое, ки дар самти идоракунии масъалаҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон кор мекунанд, дар осоишгоҳи «Сатурн»-и деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор барои баргузор намудани «Вохӯрии ниҳоӣ бо шарикони миллӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар қисми ҷорисозии натиҷаҳои тадқиқот» мулоқот карданд.

Дар ин бора намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон хабар додааст.

Ин вохӯрӣ, ки мулоқоти дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳисобида мешавад, барои ҷонибҳои манфиатдори миллӣ заминаро ҷиҳати муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқот ва инчунин имкони ҳамгироии онҳо ба ҳуҷҷати нави сиёсати муҳоҷират фароҳам овард. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ шуда, ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷиратро таҳти унвони «Паст кардани таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирон ва ҷомеаҳои Осиёи Миёна ва Федератсияи Россия» дастгирӣ мекунад. Ҳадафи ин ташаббус мусоидат ба ҳукуматҳои Осиёи Миёна ва Федератсияи Россия дар андешидани тадбирҳои вокуниши ба далелҳои воқеӣ асосёфта дар шароити буҳрони ҷории ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин қонеъ кардани ниёзҳои муҳоҷирон ба ҳимояву кумак мебошад. Барои ноил шудан ба ҳадафи гузошташуда вохӯрии мазкур баҳри беҳтар намудани фаҳмиши ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар бораи профил, роҳҳои муҳоҷират, вазъи иқтисодӣ ва вазъи бозори меҳнат, инчунин дарки шароити моддиву молии муҳоҷирон (аз ҷумла, онҳое, ки ба ватан баргаштаанд) ва эҳтиёҷоти асосии онҳо ба ҳимоя мусоидат намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён бо хулосаҳои муфассали тадқиқоти минтақавӣ, аз ҷумла «Таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 ба муҳоҷирони бозгашта ва дармонда дар Осиёи Миёна ва Федератсияи Россия» ва «Дониш, муносибат ва амалияи рафтори муҳоҷирон аз Осиёи Миёна ва оилаҳои онҳо нисбат ба фиристодан ва гирифтани интиқоли пулӣ ва сармоягузории минбаъдаи онҳо» шинос гардиданд.

Инчунин муҳокимаҳо ба иштирокчиён барои пайдо намудани роҳҳои беҳтари инъикоси натиҷаҳои тадқиқот дар таҳияи лоиҳаҳои нави стратегӣ дар соҳаи идоракунии раванди муҳоҷират кумак расонд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо