Мулоқоти Ширин Амонзода бо соҳибкор Саидмурод Давлатов

21 июни соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо соҳибкори шинохта ва машваратчии соҳаи тиҷорату иқтисод Саидмурод Давлатов мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ, махсусан омӯзгорон аз хориҷи кишвар ҷиҳати роҳандозии фаъолияти мактаби Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи тайёр кардани кадрҳои коргарии мутобиқ ба бозори меҳнати байналмилалӣ, роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба тиҷорат ва муҳайё намудани заминаҳои ҷойҳои корӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки рушд ёфани соҳибкорӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ сабаб гардида, барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи асосиро фароҳам меорад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо