Мулоқоти Ширин Амонзода бо Эмре Зеки Карагёл

20 майи соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд.

Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти омодасозии касбҳои коргарӣ, тайёр намудани мутахассисони мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, имконияти гуногунсамтсозии муҳоҷирати меҳнатӣ, табодули таҷриба дар кишварҳои тарафайн ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳия ва баимзорасонии санади ҳамкорӣ иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо