Мулоқот бо диаспораҳои тоҷик

[:tj]Дар чаҳорчуби барномаҳои ҷашнии 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо гуруҳи намояндагони диаспораҳо ва итиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷик, ки дар Федератсияи Россия будубош карда, барои иштирок ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ш. Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқоти босамар анҷом гирифт.

Нахуст муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Сангинзод Эмин Нўъмон намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикро бо ҷашни бузурги 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта зикр дошт, ки ободию шукуфоӣ ва пешрафти кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳамкориҳои судманд ва робитаҳои зичи дуҷониба вобаста мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирӣ, ҳаллу фасли масоили гуногуни муҳоҷирон дар кишварҳои муҳоҷир пазир ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд.  Бо ин мақсад дар аксар вохурию мулоқотҳои хеш Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия ҷаноби Владимир Путин масъалаҳои умдаю мубрами муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор дода, ба  натиҷаҳои самарбахш комёб гаштаанд. Авфи наздик 110 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик, ки бо қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар моҳи март – апрели соли равон сурат гирифта буд, мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Дар идома таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқот ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои ифротгарову тундрав ни гаронидашуд, ки дар ин маврид аз ҷониби намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳодоти судманд иброз гардид.

Раиси маркази миллӣ – фарҳангии тоҷикон дар вилояти Челябинскии Федератсияи Россия Исломиддин Раҷабов зимни мулоқот иброз намуд, ки дар вилояти фавқ 300 нафар донишҷўёни тоҷик ва беш аз 10 ҳазор тоҷикон, ки шаҳрвандии Россияро пазируфтаанд, аҳлона будубош доранд. Дар баробари кору фаъолиятҳои ҳаррўза мушоҳида мегардад, ки муҳоҷирони тоҷик ба вохўрию мулоқот бо шоирону нависандагон, аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ муҳтоҷ мебошанд.

Ҳамзамон пешниҳоди мазкур аз ҷониби намояндаи вилояти Кемеров ва раиси ҷамъияти ҷавонони ш. Новосибирск низ дастгирӣ ёфта, онҳо изҳор намуданд, ки дар ҳақиқат шаклҳои босамари ҳамкориҳо ва вохуриҳои дуҷонибаро бо муҳоҷирони кишварҳои муҳоҷирпазир роҳандозӣ кардан ба талаботи рўз мувофиқ мебошад.

Намояндагони тоҷикони вилояти Тюмен ва ш. Краснодар бошанд, дар ҳамоиш бо назар ба масъалаҳои дар хури рўз–забономўзию касбомўзии ҷавонон пешниҳод доштанд, ки мутахассис, пеш аз ҳама, дар ватан ҳамаҷиҳата тайёр гардад ва сипас ба муҳоҷирати корӣ азми сафар намояд.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Нурулло Маҳмадуллозода ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода вобаста ба масоили забономўзию касбомўзии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи намояндагони диаспораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон аз ҷараёни таълим дар муассисаи таҳсилоти калонсолон, омўзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, омодакунии мутахассисон, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, амали курсҳои кўтоҳмуддат ва иқдомоти тоза дар ин самт бештару муфассалтар иттилоъ дода, даъват ба амаловарданд, ки робита ва ҳамкориҳои дуҷонибаро наздиктару комилтар ба роҳ монда аз аҳамият холӣ нест. Зеро ҳар нафаре, ки дар кишвари муҳоҷирпазир будубош менамояд, муаррифи Тоҷикистони азиз мебошад ва ў набояд ба он роҳ диҳад, ки номи миллат ва волидону оилаи худро доғдор созад.

– Бинобар ин, – гуфт дар идомаи сухан Нурулло Маҳмадуллозода, -ҳар як намояндаи диаспора ва иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷиконро зарур аст, ки ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба нафъи кишвар масъулияту эҳсоси баланди ватандорӣ зоҳир намояд ва аз ҷараёни масъалаҳои муҳим, бахусус фаъолияти Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия, рўйдодҳои номатлубу ношоиста ва умуман воқеоте, ки ба муҳоҷирон ва муҳоҷират иртибот доранд, ҳатман сарпарастони соҳаро огаҳ созанд. Танҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва иртиботи зич метавонанд дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта нақши калидӣ дошта бошанд.

Дар охири мулоқот муовини якуми Вазир Сангинзода Э.Н. мулоқотро ҷамъбаст намуда, намояндагонии диаспора ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикро бори дигар ба ҳамкориҳои созандаву ободгарона баҳри рушди устувори кишвари азизамон даъват кард.

 

                                                           Рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо