Мулоқот дар ҷамоати шаҳраки Такоб

[:tj]Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҷамоати шаҳраки Такоб бо иштироки сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо  вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои сироятӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, таъмини муҳоҷирати бехатар, огоҳ намудани аҳли ҷомеа аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон мулоқот доир гардид.

Баромадкунандагон дар мавзўъҳои расонидани мазмуну муҳтаво оид ба расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, рушди соҳибкорӣ, касбомўзӣ, имтиёзҳои шахсони бекор, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, пешгирии гароиши аҳолӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва терроризм. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», беҳдошти ҳолати санитарӣ ва ҳифзи табиат аз ифлосшавӣ,  пешгирии бемориҳои сироятӣ, бартараф намудани ақидаҳои экстремистӣ, проблемаҳои умумиинсонӣ, терроризм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани ахлоқи оиладорӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ, пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фурўши одамон, ҷинояткорӣ дар байни занон , пешгирии унсурҳои номатлуб (талоқ ва баҳсҳои оилавӣ) суханронӣ намуданд.

Аз муҳоҷирони меҳнатӣ сокинони ҷамоат хоҳиш карда шуд, ки барои гирифтани маълумоти дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ба бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоянд.

Дар фарҷоми мулоқот ба ҷамъомадагон (муҳоҷирони меҳнатӣ), ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд варақаҳои ёддоштҳо (буклетҳо) дастрас карда шуд.

Чунин як вохўрии маърифатӣ бо аҳолии ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ, деҳаи Чанори ноҳия низ баргузор гардид.

 

                                                                                                   Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо