Муҳоҷирати бехатар ва дастгирии муҳоҷирони ба ватан бозгашта

[:tj] 

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ имрӯз яке аз шарикони боэътимоди ниҳодҳои давлатӣ буда, дар самти муҳоҷирати бехатар, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, расонидани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриконунӣ ва пешгирии савдои одамон чун яке аз падидаҳои замони муосир саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин раванд Шабакаи «Умед оид ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии савдои одамон», ки 17 ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад муваффақона дар саросари кишвар фаъолият карда истодааст. Ин Шабака  таҳти барномаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон таъсис  ёфта, дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Давлатии Байниидоравӣ оид ба пешгирии савдои одамон ва зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба чандин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, шахсони дар хатари истисмори меҳнатӣ қарор дошта кумакҳои маслиҳатӣ, бозравонкунӣ, дарёфти чойи корӣ мерасонад. Фаъолияти Шабакаи «Умед» тибқи накшаи чорабинии миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, принсипҳои ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст.

Шабакаи «Умед»  чун яке аз ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар мақсад ва вазифаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии системаи муқовимат ба савдои одамон, принсипҳо ва шаклҳои ҳимояи қурбонии савдои одамон, асосҳои ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор мебошад.

Аъзоени Шабакаи «Умед» бо субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ мекунанд ҳамкории зич дорад. Аз ҷумла барои воқифгардонии муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта оиди хатари муҳоҷирати ғайриконунӣ, расонидани кумакҳои интегратсионӣ барои мухоҷирони ба ватан бозгашта, баланд бардоштани савияи касбомӯзӣ бо идораву муассисаҳои Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкорӣ менамояд. Имрӯзҳо бо дастгирии Созмони Байнламилалии Муҳоҷират ба зиеда аз 500 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта  кумакҳои интегратсионӣ барои дарёфти ҷойи корӣ, маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ва равонӣ барои зиёда аз 1500 нафар дар саросари кишвар расонида шудааст.  Аъзоени Шабака барои такмили қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, омӯзонидани шахсони дар ин самт буда, тренингҳои омӯзишӣ бо ҳамкорӣ ва иштироки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, олимони донишгоҳ таҳия ва амалӣ мегардонанд.

Шабакаи Ташкилотҳои Ҷамъиятии «Умед»[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо