[:tj]Ҳамватанони гиромӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷўҳи шумо мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти ФР аз 12.05.2018 с. №214 “Оид ба ворид намудани тағйирот ба “Фармони Президенти ФР аз 09.05.2017 с. №202 дар бораи хусусиятҳои тақвияти чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 дар ФР ва Ҷоми Конфедератсияи FIFA дар соли 2017” аз 25 майи соли 2018 то 25 июли соли 2018, яъне дар давоми ду моҳ дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Калининград, Нижний Новгород, Волгоград, Ростови лаби Дон, Саранск, Сочи ва Самараи Федератсияи Россия муҳлати ба қайдгузории муҳоҷиратӣ (регистратсия) то 3 шабонарўз аз вақти даромад ба қаламрави ФР муқаррар карда мешавад. Яъне шаҳрванди хориҷие, ки аз 25 май то 25 июли соли равон ба шаҳрҳои номбаршудаи Федератсияи Россия ворид мешавад, бояд дар давоми 3 шабонарўз , танҳо дар мақомоти дахлдор, шўъбаҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия ва дар марказҳои бисёрсоҳавӣ, ки тибқи қонунгузорӣ салоҳияти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро доранд, шахсан рафта, ба қайди муҳоҷиратӣ (регистратсия) гузоштан лозим аст. Тибқи талаботи фармони мазкур дар давоми баргузории мусобиқот дар ин шаҳрҳо ба қайдгузории муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи он нафароне, ки дар давоми баргузории мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ба шаҳрҳои номбаршуда мақсади сафар доранд, бояд қаблан ҷойи иқомати муваққатӣ ва имкониятҳои дар 3 шабонарўз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштани худро ба нақша гиранд. Зеро риоя нагардидани ин меъёр боиси татбиқи чораҳои қатъии маъмурӣ шуда, хатари ихроҷ ва баста шудани вуруди минбаъдаи он ба Федератсияи Россия пеш меорад. Бояд ёдовар шуд, ки мувофиқи фармони қаблӣ мўҳлати бақайдгузории муҳоҷиратӣ дар давоми 1 рӯз муқаррар шуда буд. Ва тибқи тағйироти нав мўҳлати мазкур ба 3 рўз тамдид гардид. Бо дарназардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки дар давраи зикргардида мақсади сафар ба ин шаҳрҳо доранд, тавсия дода мешавад, дар сурати дар 3 шабонарўз дар мақомоти дахлдори ҳудудӣ имкони ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштанро надошта бошанд, аз вуруд ба минтақаҳои мазкур худдорӣ намоянд.
Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед ба кормандони Намояндагӣ бо телефонҳои зерин муроҷиат намоед:
Ҳавзаи федералии марказӣ
ш. Москва
+7 (495) 967 98 44
+7 (926) 255 09 27;
+7 (968) 733 00 00;
+7 (926) 241 09 09;
ш.Санкт-Петербург, Калининград
+7 (964) 373 75 01;
ш-ҳои Саранск, Нижний Новгород, Самара, Қазон
+7 (906) 805 329 28 28;
ш.Екатеринбург
+7 (905) 805 57 77;
ш.Сочи
+7 (926) 578 31 99;
ш.Ростови лаби Дон
+7 (915) 488 32 23;
ш. Волгоград
+7(925) 236 67 85.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират[:]