Намояндагони ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа миёни сокинони ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд

[:tj] 

Дар робита  ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии  «Ковид-19» дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ҷониби намояндагони ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа дар байни сокинони маҳаллаҳо бо усули «Хона ба хона» ва «Рў ба рў» корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба андешидани тадбирҳои қатъии беҳдоштӣ гузаронида шуданд.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро маризии ҳамагири сироятӣ фаро гирифтааст, ҷиҳати ҳифзи солимии аҳолӣ риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва талаботи тиббӣ аз ҷониби ҳар шахс муҳим ва зарурист.

Омили дигари пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сироят нашудан ба ҳар гуна маризиҳои хатарнок худдорӣ кардан аз маконҳои серодам ва безарурат набаромадан аз хона мебошад.

Чунин вохўриҳои судманд дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ, ки боигарии асосии давлат аст, минбаъд низ дар радифи дигар ниҳодҳои давлатии ноҳияи Варзоб гузаронида мешаванд.

                                                                        Олимзода Орифҷон Олим

                                                                мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар ноҳияи Варзоб

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо