“Наш Фаридунчик” – номбардори миллат

[:tj] 

 

Расонаҳои хабарии Федератсияи Россия дар соли сипаришуда оид ба амалҳои нек, хайрхоҳию ҷавонмардии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар матолиб пешниҳод намуданд. Дар онҳо аз ҷумла ёфтани маблағи калони пулӣ, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, дигар намуд молу амвол ва ба соҳибаш баргардонидани онҳо, кўмак ба зарардидагони ҳодисаҳои нохуш, дастгирии ниёзмандон барин хислатҳои наҷиби ҳамватанонамон сухан мерафт.

Дар арафаи фарорасии Соли нави милодии 2019 ҳамин гуна як мавод таҳти унвони “Наш Фаридунчик” дар рўзномаи “Алтайская правда”-и кишвари Олтой ба чоп расид. Муаллиф Тамара Попова аз ҷумла чунин менигорад: Аз ноҳияи Индустриалнийи маркази кишвар ба идораи рўзномаи мо чунин мактуби ҳаяҷонбахш ва бариққаторандае ворид шуд, ки мо натавонистем нисбати он бетараф бошем. Ва маҳз ҳамин чиз баҳона гардиду дар манзили соҳибкори тоҷик Фарид Мадолимов меҳмон шудем.

Дар идома чанд ҷумла аз мактуби болозикр, ки муаллифаш як гурўҳ нафақахўрон будаанд, бо мазмуни зайл айнан иқтибос оварда мешавад: “Тавассути рўзномии расмии “Алтайская правда” мехоҳем барои дастгирию ғамхорӣ нисбати насли калонсол миннатдориамонро ба ҷавонмарди тоҷикистонӣ Фарид Мадолимов расонем. Дил мехоҳад, ки ҷавонони дигар рафтори ўро бо тарозуи ақл баркашанд, аз Фарид баринҳо ибрат гиранд, ба қадри калонсолон расанду эҳтиромашонро ба ҷо оранд”.

Пиразанҳое, ки аз дастгириву меҳрубонии ҳамдиёри мо бархурдоранд, бомеҳр вайро “Наш Фаридунчик” меноманд. Ба бахти онҳо дар кўчаи Шумакови шаҳри Барнаул дўкончаи назарногиреро, ки қаблан хонандагони синфҳои болоии мактаби маҳалла вақтҳои танаффус ба он ҷо барои сигор медавиданд, ин соҳибкори ташаббускору меҳнатқарин ба мағозаи сабзавоту мевафурўшӣ табдил додааст. Бояд гуфт, ки дар ин шаҳри калон садҳо нафар соҳибкорони муваффақ ва даҳҳо адад марказҳои калони савдову тиҷорат мавҷуданд, ки мағозаи Фарид Олимов дар наздашон ҳеҷ аст. Вале ба шарофати як хислати наҷиб соҳибкори тоҷик тавонист дар тамоми кишвар ном барорад ва маълуму машҳур шавад. Гап дар сари он аст, ки ҳар рўзи ҷумъа ҳамватани хайрхоҳи мо ба нафақахўрону пиронсолони атроф як бухонкагӣ нони бўлкаи нав аз танўр баромадаро ба таври ройгон дастрас менамояд. Дар як гўшаи мағоза лавҳае мавҷуд аст ва дар он навишта шудааст, ки рўзҳои ҷумъа ба нафақахўрон нони гарм ройгон дода мешавад. Ин олиҳимматӣ ва рафтори ҷавонмардонаи як тан инсони ба истилоҳ “бегона” дили сокинони маҳалларо тасхир намудааст.

Татяна Рунова, Екатерина Крюкова, Любов Михайлова ва Варвара Беседина аз ҷумлаи онҳоеанд, ки миннатдориашонро тавассути рўзномаи расмии кишвар ба Фарид Мадолимов баён доштаанд. Муаллифи мақолаи “Наш Фаридунчик” Тамара Попова менависад, ки ҳангоми боздиди мо аз мағозаи ин соҳибкор аз ҷумлаи нафарони зикршуда собиқадори соҳаи маориф бо собиқаи меҳнатии нимасра, омўзгори фанни забон ва адабиёти рус Беседина Варвара Илларионовна он ҷо ҳузур дошт ва чунин гуфт:

-Ман дар оилаи инсонҳои бофарҳангу бомаданият ба дунё омада, дар рўҳияи арзишҳои олии инсонӣ ва ғояҳои инсондўстии адабиёти оламгири рус камол ёфтаам. Аз овони наврасӣ медонам, ки расидан ба қадри калонсолон, онҳоро ҳурмату эҳтиром кардан қарзи инсонии ҳар нафар аъзои ҷомеа аст. Мо калонсолони маҳалла нафақа мегирем, ки барои пешбурди зиндагиамон басанда аст. Илова бар ин, шахсони нигоҳбону парастор дорем, ки ҳамеша аз ҳолу аҳволамон бохабар шуда меистем. Яъне ба як бухонка нони ройгон дар давоми як ҳафта ниёзманд нестем. Вале олиҳимматии ин ҷавони дилсўз ва ободгари тоҷик ҳар ҳафта рўзи ҷумъа моро ба мағозааш меорад.

Фарид Мадолимов зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, имрўз бо амри тақдир дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад. Оиладор, бо ҳамсараш Фирўза зиндагонии хушбахтона доранд. Соҳиби ду фарзанд – духтарчаи чорсола ва писарчаи якунимсола мебошанд.

-Дар зодгоҳам,- гуфтааст ў ба мухбири рўзномаи “Алтайская правда”,- ба ҳамдигар кўмаку ёрӣ расондан ва калонсолонро эҳтирому дастгирӣ намудан анъанаи маъмулӣ аст. Ба Федератсияи Россия муҳоҷир шуда бошам ҳам, ман ин анъанаи неки аҷдодиро риоя мекунам. Ногуфта намонад, ки рўзи ҷумъа барои мардуми мусулмон рўзи муборак ба ҳисоб меравад. Одамон дар ин рўз кўшиш менамоянд, ки хўрокашонро бо дигарон – пайвандону хешон, ҳаққу ҳамсоя бо ҳам бинанд. Магар хўрдание беҳтар аз нон аст?

Дар идомаи мусоҳиба афзудааст, ки бобову модаркалони падариву модариаш кайҳо аз олам гузаштаанд ва ў дар симои ҳар нафар калонсоли ба мағозааш ташрифоранда  ҳамон азизони гумкардаашро мебинад. Маҳз ба хотири шод намудани хотири солхўрдагони маҳалла дар арафаи Соли нави 2019 ба таври ройгон ба онҳо себу мандарин ҳам тақсим кардааст. Вақте ки куҳансолон аз ин тасмими ў огоҳ шуданд, шўхикунон мегўянд, ки нигоҳ кун, мабодо зиёни молиявӣ набинӣ. Ҳамдиёри саховатмандамон дар ҷавоб мегўяд, ки ба ақидаи мардуми мо Парвардигор ба одамони хайркор дар ивази як даҳ медиҳад ва аз эҳсонкорӣ ягон нафар зарар надидааст. Баръакс, ба шарофати дуоҳои неки шумо кори ман пеш меравад ва тибқи ваъда дар арафаи соли нав меваи ваъдагии ройгонро ба пиронсолон дастрас менамояд.

Шоире фармуда, ки:

                   Бод борон оварад, бозича ҷанг,

                   Мард майдон оварад, номард нанг.

Шукрона, ки Фарид Мадолимов барин ҷавонмардон дар муҳоҷирию ғарибӣ  ба миллати мо ному шуҳрат меоранд. Ба ў дар зиндагию фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ хоста, таманно менамоем, ки сафи чунин инсонҳои асил рў ба афзоиш орад.

Мардон ҚУРБОНОВ [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо