Озодапаланг

[:tj]       

Аз рӯи ҳисоботи мутахассисони соҳаи экология  дар 15 кишвари дунё, ки яке аз онҳо Тоҷикистон мебошад, нодиртарин ҳайвони ваҳшии рӯи замин  Озодапаланг сукунат дорад. Саршумори умумии бабри барфӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 300 сар буда, қисмати муайянашон дар кӯҳсорони Помир зиндагӣ мекунанд. Мавзеъи Аличури ноҳияи Мурғоб маконест, ки чандин маротиба озодапалангро дар кӯҳҳои ин ҷо дида буданд. Хушбахтона мардуми таҳҷои ба он зарар нарасондаанд. Мавҷудияти ғизо  дар даштҳои баландкӯҳ  ва кӯҳсорон сабаб гашт, ки Озодапаланг дар ин макон ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла намеорад. Ин ҳайвон  барои  мардуми қирғизтабор, ки  дар ноҳияи Мурғоб бо тоҷикон зиндагии аҳлона доранд, муқаддас дониста мешавад. Ба хотири  гиромидошти ин ҳайвони  ваҳшӣ ва ҷалб намудани диққати одамон ба ҳифз ва нигоҳубини он бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб, ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва маскунони таҳҷои дар деҳаи Аличур пайкараи бабри барфӣ  гузошта шуда, фестивали Озодапаланг «Тоҷикистон 2019»  баргузор гардид.

Суханронии раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи муҳити зист ва рушди соҳаи экология дар кишвар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҷалби сайёҳон ба табиати нотакрори Тоҷикистони соҳибистиқлол сайёҳии экологӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар фестивал раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмамадзода ширкат варзида, дар баромадаш қайд дошт, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маърифатнокии экологии мардум диққати зарурӣ медиҳад.

Водии Аличур яке аз мавзеҳоест, ки дар гузаштаи дур аз қалби он як шохаи роҳи абрешим мегузашт. Ин роҳ аз Ёркент, Щоққар, Тохтамиш, Мурғоб, Аличур, Булункул, Баччор ва водии Ғунд гузашта то Хоруғ мерасид. Аз Хоруғ ба соҳили чапи дарёи Панҷ, пас он ба Шева, Файзобод, аз он ҷо ба Балх ва ба дигар минтақаҳо мебаромад.       Ризокорони ноҳияи Мурғоб ҳаракати корвонро ба саҳна гузошта, пешкаши ҷамъомадагон гардонданд.  Иловатан  ба сайёҳони хориҷиву ватанӣ имконоти истифодаи хайвоноти савориро дар даштҳои баландкӯҳ ва дараҷои касногузар  нишон доданд. Ҳанӯз дар асрҳои 2 то мелод маскунони Помири шарқи ҳайвони ваҳшии алафхур қутосро ром намуда, бо истифода аз он даштҳои баландкӯҳро аз худ намуданд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумыурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳунармандони ноҳияи Мурғоб имконоти фаровон фароҳам овард. Дар маркази ноҳия ва деҳаи Аличор дар шароити хона 4 нафари аз ҳунармандон ба тайёр намудани армуғонҳо аз шохҳои  нахчиру гӯсфанди кӯҳи ва қутос машғул ҳастанд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик  дар маркази ноҳияи Мурғоб як корхонаи хурди коркарди шох кушода мегардад. Дар даштҳои баландкӯҳи Помири Шарқи шохҳои гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло ва бузҳои кӯҳи зиёд ба назар мерасанд. Ҳунармандон онҳоро ҷамъ намуда, армуғонҳои гуногун  тайёр менамоянд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва экологии минтақаи баландкӯҳи Бадахшон мусоидат менамояд.

                                                                                Варқа Мавлоназаров

                                                                               сардори шуъбаи Хадамоти                                                                                           муҳоҷират  дар ноҳияи Мурғоб [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо