ОМОДА БА ҲАЛЛИ МУАММОЮ МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

[:tj]Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ (ш. Душанбе, 07.02.2019) аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки муҳоҷирати меҳнатӣ хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест.

Аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва кишварҳои дигар диаспораҳои хурду калони тоҷик вуҷуд доранд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватаони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурӯҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем.

Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст».

Бояд гуфт, ки масъалаи мусоидат ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тадбирҳои мухталиф роҳандозӣ мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирати меҳнатии ҳамватанони мо солҳои охир ба низоми муайян даромадааст ва ин аз бисёр ҷиҳат ба баланд гардидани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ бастагӣ дорад.

Аз касе пӯшида нест: дар муҳоҷират, пеш аз ҳама, онҳое бештар ба душворӣ дучор мешаванд, ки забони хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро хуб намедонанд, бо кордиҳандагону миёнаравон озодона муошират карда наметавонанд, сатҳи маърифати ҳуқуқиашон паст аст ва касбу ҳунари муайян надоранд. Махсусан, надоштани огоҳӣ аз меъёрҳои қонунгузории давлатҳои қабулкунанда ва қоидаҳои будубошу муҳоҷирати бехатар вобаста ба расмикунонии ҳуҷҷатҳо, бақайдмонӣ дар ҷои зист, гирифтани патенту иҷозат ба корва ғайра боис ба он мегардад, к ибо сабаби ночиз баъзе ҳамватанонамон аз кишвари давлати қабулкунанда берун карда шаванд ё воридшавиашон муваққатан манъ гардад.

Агар гӯем, ки маҳз ба хотири ислоҳи ҳамин гуна камбудиҳо, ҳаматарафа омода намудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣҳамчун сохтори зертобеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ташкил шудаанд, иштибоҳ нахоҳад буд. Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода зимни ҷамъбасти натиҷаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даро вилояти Суғд иттилоъ дод, баъди ба фаъолият оғоз намудани чунин марказҳо аз минтақаҳои сарҳадӣ бозпас гардонидан ва иҷозати воридшавӣ надодан ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қариб батамом аз байн рафт. Албатта, ин дастовард ба шарофати тақвият бахшидани корҳои иттилоотию маърифатӣ ва ҳамаҷиҳати омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафар муяссар гардидааст.

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза дар самти мазкур корҳои муайянро ба иҷро мерасонад. Тибқи иттилооте ки аз шаҳру ноҳияҳо ба мо дастрас мешаванд ва худ зимни ширкатварзӣ шоҳид мешавем, дар аксари кулли чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва мулоқотҳои бо аҳли ҷомеа ташкилнамудаи шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо намояндагони марказ иштироку суханронӣ ва ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас менамоянд. Илова бар ин, ҳамарӯза даҳҳо нафар барои гирифтани маълумот оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ба ин муассиса ташриф меоранд. Марказ ба таври мустақилона ҳам чорабиниҳои иттилоотию маърифатиро ба роҳ мемонад ва дар таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кор ҳам саҳм мегузорад.

Дар рафти мусоҳибае, ки бо директори муассиса Зоҳидҷон Қурбонов доштем, оид ба фаъолияташон аз ҷумла чунин гуфт:

– Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу аҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират сармашқи фаъолияти мо мебошанд ва аз рӯи Низомнома корамонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мондаем. Аз замони таъсисёбии чунин марказҳо чандон муддати тӯлонӣ нагузаштааст. Ба гуфте мо ҳоло дар оғози роҳқарор дорем ва фаъолиятамон нав шакл мегирад. Аммо дар ҳамин муддати сипаришуда тавонисстем худро ба аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, муҳоҷирони меҳнатӣ шиносонем ва то андозае дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳамаҷониба омода намуданашон ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар саҳм гузорем.

Айни замон таҳти роҳбарии Зоҳидҷон Қурбонов дар  Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд 6 нафар: машваратчии калон Умеда Ҳошимова, ҳуқуқшинос Зулфира Мирзоалиева, коргузор Абдуғаффор Раҷабов, мутахассисон Насиба Ҳусаинова, Фаридун Халифазода ва сармуҳосиб Марҷонахон Маҳмудова кор мекунанд. Бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират барои онҳо шароити мусоиди меҳнат фароҳам оварда шудааст.

-Дар рафти фаъолиятамон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату дониши муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем,- мегӯяд Зоҳидҷон Қурбонов.- Аз ҷумла давоми панҷ моҳи соли равон дар алоҳидагӣ ва дар ҳамкорӣ 108 мулоқот бо аҳли ҷомеа гузаронида шуд. Муассисаи мо ҳоло нақлиёти хизматӣ надошта бошад ҳам, бо истифода аз имкониятҳо ба шаҳру навоҳии ба маркази вилоят наздик, аз ҷумла Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Конибодому Исфара, Бобоҷон Ғафуров, мастчоҳ, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод сафари хизматӣ анҷом дода, бо аҳолӣ вохӯрӣ доир намуда истодаем.

Ёдовар мешавем, ки дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар баробари муҳоҷирати бехатар масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ ва истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, касбу забономӯзонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣва шаҳодатномакунонии малакаҳои онҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таълиму тарбияи фарзанд, моҳияти созишномаҳои байниҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим низ ҳаматарафа баррасӣ мешаванд.

Муассиса ҳамкории босамарро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва филиалҳои зертобеи он даршаҳру ноҳияҳо, Филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Муассисаи давлатии «Бирҷаи меҳнати ихтиёрии Ҷавонони Тоҷикистон», мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек»ба роҳ мондааст. Ба шарофати ҳамин ҳамкорӣ соли равон дар якҷоягӣ бо МД «Бирҷаи меҳнати ихтиёрии Ҷавонони Тоҷикистон» 40 нафар муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷои кор дар Федератсияи Русия таъмин намуда, 100 нафарро аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронидем.

Дар рафти шиносоӣ бо шароити кори фароҳамовардашуда ва фаъоияти марказ ба мо маводҳои иттилоотию маърифатии чопиеро нишон доданд, ки номгӯяшон аз 15-то мегузашт. Иттилоъ дода шуд, ки бағайр аз маводҳои ташвиқотию тарғиботии аз Хадамоти муҳоҷират дастрасгардида

Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» бо истифода аз дастгирии хайрхоҳон то имрӯз зиёда аз 85 ҳазор нусха чунин маводро дар шакли варақаю дастурамал аз чоп баровардааст, ки дар рафти чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ба иштирокчиён дастрас мегарданд.

Дар ҷамъбасти суҳбатамон Зоҳидҷон Қурбонов баён дошт, ки баҳайси сарвар ҳанӯз аз фаъолияташон пурра қаноатманд нест ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави тақвиятбахшии кор мебошад. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ дар ин самт аз имкониятҳо минбаъд босамартар истифода хоҳанд бурд.

 

                                             МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                      аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар вилояти Суғд

 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо