Оғози марҳилаи дуюми амалиёти махсус

[:tj]Бо мақсади ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, пурзўр намудани муқовимат алайҳи будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамзамон ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ 17 сентябр дар ҳудуди вилояти Суғд низ марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус таҳти унвони шартии “Нелегал – 2018” оғоз ёфт, ки то 25 сентябр идома менамояд.

Дар ин амалиёт гурўҳҳои санҷишии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок карда истодаанд..

Дар давоми рўзҳои 17 -18 сентябр дар рафти чорабиниҳои фаврӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус гурўҳи санҷишии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 2 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро ошкор намуд. Нисбати онҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба мақомоти суд пешниҳод карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дар рўзҳои боқимонда ҳам босамар гузаштани амалиёти махсуси муштарак чораҳои амалӣ андешида, тибқи анъана дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа пешқадамони марҳилаи дуюмро қадршиносӣ мекунад.

 

                                                                                    Мардон Қурбонов

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо