Пешгирии бемориҳои гузаранда ҳамдастиро тақозо менамояд!

[:tj]Ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа, ки таҳти раисии  муовини Раиси вилояти Суғд (ҳамзамон раиси шўрои мазкур) Назира Ғаффорӣ ҷараён гирифт, ба масъалаи татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 бахшида шуд.

Дар ҷаласа ба ғайр аз ҳайати шўрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, менеҷерони сохторҳои госпиталӣ ва муассисаҳои шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сарварони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ, солимии репродуктивӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ширкат доштанд.

Муовини Раиси вилоят дар сухани муқаддимавии худ баён дошт, ки сирояти вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он кори дастаҷамъона мебошад ва аз ҳама қишрҳои ҷомеа масъулияти баландро тақозо менамояд.

Оид ба рафти татбиқи«Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 директори Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ Ф. Комилов гузориши муфассал дод.

Дар гузориш қайд шуд, ки ҳолати эпедимикии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар кишвари мо ҳамчун «ҳолати ҷамъшаванда) арзёбӣ мегардад. Паҳншавии он бештар дар байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аъ ҷумла нашъамандони тазриқӣ ва шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ба мушоҳида мерасад. Занони ҳомила, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, маҳбусон ва кўдакон гурўҳи осебпазир маҳсуб мешаванд.

Аз ҷониби раиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳо бештари нафарони аз БПНМ вафот карда гирифтори бемории сил ҳам буданд. Бо назардошти ин, дар идомаи маҷлис ҳамзамон гузоришҳои сарвари Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилоят Д. Мадаминов, ва котиби шўрои болозикр М. Қурбонов оид ба фаъолияти нимсолаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ шунида шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои иттилоотию тарғиботӣ, ташкили мулоқотҳо бо аҳолӣ, паҳн кардани варақаю дастурамалҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамкории босамар бо васоити ахбори омма ва дар умум саҳми бештар гузоштан дар татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» вазифадор шуданд.

Воқеан ҳам сирояти вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои доғи рўз буда, пешгирии он аз ҳама аъзои ҷомеа масъулияти баландро тақозо менамояд. Итминон дорем, ки шаҳрвандони азиз ин нуктаро бо масъулияти баланд дарк менамоянд ва посбони саломатии худу дигарон мешаванд.

 

                                                                Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                     дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо