Риояи гигиенаи шахсӣ гарави саломатист!

[:tj] 

 

Дар ҳошияи дастуру вазифагузориҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии “коронавирус” (COVID 19)  имрӯзҳо дар аксари ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва манзилҷойҳо корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад.

20 апрели соли равон МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо аъзои Кумитаи иҷроияи марказиии ҲХДТ, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва  бо ҷалби волонтёрон барои ташвиқу тарғиб оид ба пешгирии бемории сироятии “коронавирус” (COVID 19)  бо аҳолӣ, кумитаҳои маҳаллаҳои “Раззоқ” ва “Қорираҳмат Қурбонов” вохӯриҳо доир намуданд.

Масъулин бо  усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллаҳо суҳбатҳо доир намуда, ҳамзамон бо тарзи зист, рӯзгордорӣ, ҳолати тозагии манзили онҳо шинос шуда, усулҳои пешгирии амрози сироятӣ ва риояи гиенаи шахсиро фаҳмонида, инчунин барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хафнок ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карданд.

 

                                 МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                       аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо