Рўзи байналмилалии муҳоҷирон

[:tj]Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон ҳамасола 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон  ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё меафзояд. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ –  яке аз роҳҳои ворид намудани маблағ ба буҷаи оила мебошад. Муҳоҷирон аз ҳисоби кор дар хориҷа маблағ ба даст оварда, вазъи оилавии худро беҳтар мекунанд.

Аз ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни фаъолият технологияҳои навро аз худ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар имрўз муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда,  тибқи  пешбиниҳои СММ, то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем.

Имрўз муҳоҷират ва равандҳои он дар ҷаҳони имрўза ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ табдил ёфтаанд. Он ҳамчун раванди мураккаби ҷамъиятӣ қариб ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъсиргузор аст.

Ҳодисаҳои навини ҷомеа, махсусан ҷангҳои шаҳрвандӣ, задухўрдҳои мусаллаҳона ва умуман шиддат гирифтани рақобатҳои давлатҳои абарқудрат миллату халқиятҳои гуногунро маҷбур сохтанд, ки ба худ номи гуреза ё муҳоҷир гиранд.

Омили дигари муҳоҷирати байналмилалии қувваҳои корӣ — ин нобаробарии тараққиёти иқтисодии ҷаҳонӣ, даромадҳо ва имкониятҳо дар давлатҳои алоҳида, алалхусус байни мамлакатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои рў ба тараққӣ мебошад. Муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ сабаби зудҳаракатии одамон гардида, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд, дар маҷмўъ ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва қонеъсозии талаботи иҷтимоии он таъсиргузор аст. Муҳоҷирати аҳолӣ дар рушди иқтисодии давлатҳо саҳми муҳим дошта, сиёсати муфиди иқтисодию сиёсии давлатҳо бе назардошти ин падида ғайриимкон аст.

Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба қабул шудани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз 18 декабри соли 1990,   бо ташаббуси Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз соли 2000 инҷониб ҳар сол ҷашни байналмилалии Рўзи муҳоҷирон таҷлил карда мешавад. Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчии онро уҳдадор намудааст, ки мувофиқи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки дар он пешбинӣ шудаанд ва дар ҳудуди давлат ё ҳудуде, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии онҳо қарор доранд, бе ягон фарқият аз рўи ҷинс, нажод, ранги пўст, забон, дин ё эътиқод, ақидаи сиёсӣ ё ақидаҳои дигар, баромади миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, синну сол, вазъи иқтисодӣ, молу мулкӣ, оилавӣ ва табақавӣ ё ҳар гуна нишонаи дигар, эҳтиром ва таъмин намоянд.

Тибқи муҳтавои ин Конвенсия, муҳоҷирони меҳнатӣ ба мисли дигар сокинони сайёра бояд аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бархўрдор буда, ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки ҳуқуқҳояшон риоя ва ҳифз карда шаванд.

Айни замон бо назардошти афзоиши шумораи муҳоҷирон дар сатҳи байналмилалӣ, низоъҳо, офатҳои табиӣ ва омилҳои иқтисодӣ, рушди номутаносиби демографӣ ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷират аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид масъалаи қабули санади нави байналмилалӣ дар ин самт – Созишномаи ҷаҳонӣ барои муҳоҷирати бехатар, бонизом ва мунтазам мавриди баррасии давлатҳо қарор дода шудааст. Созишномаи мазкур усули тавсиявӣ дошта, муқаррарот ва принсипҳои асосии он дар асоси рўзномаи ҷаҳонии рушд то давраи соли 2030 мутобиқ карда шудаанд ва дар он таваҷҷуҳи хоса ба соҳибихтиёрии миллии кишварҳо дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо имрўз аз ин тағйироти равандҳои муҳоҷират дар канор нест. Тавре маълум аст, кишвари мо дорои сохтори аҳолии ҷавон буда, афзоиши ҳамасолаи аҳолии мамлакат зиёда аз 2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамасола қариб 150 ҳазор афроди қобили кор ба бозори меҳнат ворид мегарданд. Табиист, ки афзоиши бемайлони аҳолӣ захираҳои бузурги қувваҳои кориро ба вуҷуд меорад ва дар хориҷ бо ҷойи кор таъмин намудани қисме аз онҳо ногузир аст. Аз ин рў,  масъалаи мазкур ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар равона гардидааст.

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанўз соли 2001 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро тасдиқ ва санадҳои миллиро ба он мутобиқ намуда, бо кишварҳои асосии қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус ва дигар давлатҳо созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ бастааст. Дар ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои таъмини хизматрасониҳои ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин буда,  барои омодагии касбӣ, бо кор таъминсозии муташаккилонаи онҳо дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо як қатор барномаҳо амалӣ шуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» Рўзи байналмилалии муҳоҷирон дар ҷумҳурии мо низ таҷлил карда мешавад. Дар ин рўз конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳидаи ҷашнӣ баргузор мегарданд.

                                                                                                    Анвар ЮСУПОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо