Рӯзи ягонаи ахбор дар Хуҷанд

[:tj] 

Бо назардошти муҳим будани масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризму экстремизм, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 18-уми июл дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” рӯзи ягонаи ахбор гузаронида шуд, ки дар он кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират низ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои мудири шуъба Манзурат Саторова тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр №79, аз 11 июли соли равон кормандони шуъба дар доираи Рӯзи ягонаи ахбор дар маҳаллаи “Суғдиён”бо аҳли ҷомеа вохӯрданд.

Мулоқот дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо иштироки намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лейтенанти калон Ш. Сайфиддинов, раиси кумитаи маҳаллаи “Суғдиён” Э. Махсумов, раисони биноҳои баландошёна, омӯзгорону фаъолон ва сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҷараён гирифт. Ҳамагӣ дар ин чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ 55 нафар ширкат варзиданд.

Баъд аз сухани ифтитоҳии М. Саторова омӯзгори МТМУ №7 Н. Қурбонова ва мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд И. Тӯраев дар мавзӯъҳои ”Давлати исломии Ироқу Шом – душмани дини мубини ислом” ва “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро – тақозои замон” суханронӣ намуда, аҳли ҷомеаро дар симои иштирокчиёни мулоқот ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуданд. Ба волидону шахсони наздик маслиҳат дода шуд, ки нисбати тақдири фарзандону пайвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаашон бепарвоӣ зоҳир накарда, алоқаро бо онҳо гум накунанд ва доим аз ҳолу аҳволашон бохабар шуда истанд. Зеро ҳолатҳои ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанашон ба доми душманону бадхоҳони давлат ва миллат афтодани шахсони ноогоҳ бисёр ба чашм мерасад.

Ба аҳли толор дар радифи маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ суроғаи Сафоратхонаву консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти  муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо кӯмак пурсидан дастрас карда шуд.

Дар рафти суҳбати озод намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лейтенанти калон Ш. Сайфиддинов ва сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.

Чорабиниро раиси маҳаллаи “Суғдиён” Э. Махсумов ҷамъбаст намуд.

                                                               Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Хуҷанд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо