[:tj]
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маҳаллаҳои шаҳр вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм силсилаи чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ шуда истодааст. Дар баробари ин мавзўъ зимни мулоқот бо аҳли ҷомеа ташкилкунандагону иштирокчиёни чорабиниҳоро аз дигар хатарҳои ҷаҳони муосир ва падидаҳои номатлуб огоҳ намуда, оид ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ ва касбу забономўзӣ маслиҳати муфид медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки раёсат ҳамкории босамарро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таълимӣ ва ходимони дин ба роҳ монда, ҳафтае 2-3 чорабинӣ мегузаронад.
Чунин як мулоқоти судманд дар МД «Литсейи касбии политехникӣ»-и ш. Душанбе баргузор гардид. Мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсат А. Шоев ба иштирокчиён оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро, пешгирии бемориҳои сил, (ВНМО), бемории сироятии нав – «коронавирус» ва доир ба қонунҳои нави Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират суханронӣ намуд.
Айни замон дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе маводи махсуси иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо экстремизму терроризм таҳия шудааст ва дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ истифода мебаранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Душанбе
[:]