Сафарбаркунии ду гурўҳ дар як рўз

[:tj]2-ми октябри соли равон аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии “Иттиҳодияи автовокзалҳо” дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд 40 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳайати ду гурўҳ ба Федератсияи Россия сафарбар шуданд.

Гурўҳи аввал дар ҳайати 10 нафар (роҳбалад Нозимҷон Шарифов) барои муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳри Москва, гурўҳи дуюм дар ҳайати 30 нафар (роҳбалад Муслима Ғоибова) шаҳри Красноярскро интихоб намудаанд.

Дар асоси мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.09.2018, №7/2380 дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар он ҷо роҳандозӣ шуд, нуқтаи сайёри маълумотдиҳӣ ташкил карда шудааст. Қабл аз гусел намояндагони Раёсат шиносномаи ҳамаи сафарбаршавандагонро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намуданд. Ҳамзамон дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба онҳо дастурамал оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва гирифтани патентро дастрас намуданд.

 

                                                                       Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо