Сафарбаркунии нахустин дар соли нав

[:tj]Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия соли равон аз ҷониби ҶДММ “Роҳи Абрешим” оғоз ёфт.

Рӯзи 15 январи соли равон ҶДММ “Роҳи Абрешим” 12 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Тюмени Федератсияи Россия сафарбар кард.

Мӯҳлати сафари ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ 1сол пешбинӣ шудааст. Онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят мебошанд. Дар маросими гусел намояндагони Раёсат корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015 дар миыёси вилояти Суғд 9 адад субъектҳои хоҷагидор ба мусофиркашонӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ машғул буданд.

Раёсати ХМ дар вилояти Суғд.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо