Семинари омӯзишӣ дар Бохтар

         Дар шаҳри Бохтар барои кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

         Семинари мазкур ба хотири такмили ихтисоси мутахассисони соҳа дар ҳамкори бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) доир карда шуд.

         Азизова Мавҷуда ҳуқуқшиносӣ Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, ки масъули гузаронидани ин семинари омӯзишӣ буд, дар баромадаш қайд кард, ки мақсад аз баргузории ин семинар тақвиятбахшии сатҳи малакаву дониши мутахассисони шуъба ва бахшҳои раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон мебошад.

         Мо дастури методиро вобаста ба қабули шаҳрвандон дар зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба қонунгузории муҳоҷирати Федератсяи Россия ба шаҳрвандон таҳия кардем, – афзуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки Дастурмал дар ҳамбастагӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода карда шудааст, ки кормандони зертобеӣ Хадамоти муҳоҷират оид ба раванди кор аз ин дастури методӣ истифода хоҳанд бурд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Хатлон 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо