[:tj]18 октябр бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи «Зан ва Ҷомеа» ва Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемории сироятии ВНМО (СПИД) семинар – машварати муштарак доир гардид.
Бино ба иттилои мудири бахш Нодира Назарова чорабинӣ дар толори литсейи касбӣ – техникии №74, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ҷараён гирифт ва дар он 48 нафар хатмкунандагон иштирок карданд.
Мавзўи асосии баррасишуда муқовимат бо коррупсия, экстремизму терроризм, пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионидошта ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд.
Баъд аз сухани ифтитоҳии мудири бахш дар назди иштирокчиёни чорабинӣ сарварони Ассотсиатсияи «Зан ва Ҷомеа» Д. Бобокалонова ва Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемории сироятии ВНМО (СПИД) М. Пўлодов суханронӣ карда, ба саволҳои хонандагон ҷавоб доданд.
Дар ҷамъбасти семинар – машварат ба иштирокчиён чанд номгўй маводҳои иттилоотӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Ашт
[:]