Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

[:tj]Тоҷикистони азиз дар ҳақиқат гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон буда, сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштанд. Маҳз тавассути сиёсати оқилонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои муаррифии забон, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.

Як бахши аслии Паёми навбатии Сарвари давлат, ки 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар бахшида шудааст. Ба хотири андешидани тадбирҳои лозим ба манзури болобурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро дар кишвар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳамчунин Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки ба соҳибкорон ва ҳунармардон  ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.

Воқеан, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар дунё бисер кишварҳои Олмону Куриё, Шветсария ва Амрико аз ҳисоби рушди сайёҳӣ ҳар сол миллионҳо доллар фоида мебинанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид гардидааст: «Мардуми мо аз азал ҳунарманд аст ва мо имрӯз низ бо намунаҳои барҷастаи маҳсули дастони ҳунармандони ҳалқӣ, аз ҷумла косибон ифтихор менамоем».

Бо иқдоми Хукумати кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018 ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли авали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат барои рушди соҳибкориии занон грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мегарданд. Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон, алалхусус занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ дар 57 шаҳру ноҳияҳои кишвар 302 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил гардида, ба онҳо 8020 нафар шаҳрвандон ҷалб шудаанд.

Фарҳанги либоспӯшии тоҷикон аз нигоҳи муҳаққиқон махсусияти хоси худро дорад. Мо имрӯз куртаҳои занонаи замонавиро вомехӯрем, ки ҳар як зани тоҷик онро аз диди худ оро дода, бо гулдӯзӣ ба бар менамояд. Дар охири асри ХХ ҳунари гулдӯзии тоҷикона қариб аз байн рафта буд ва хушбахтона, бо дастгирии Роҳбари давлатамон ҳунари тоҷикии гулдӯзӣ аз нав эхё шуд.

Кулолгарӣ, ки яке аз пешаҳои суннати маъруфи тоҷикон мебошад, ба коркард ва сохтани маҳсулоти гилӣ марбут аст. Ин касб бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буд. Касби кулолӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарфҳои металию чинии корхонаҳо касби мазкур рӯ ба инқироз оварда буд. Ин пешаи аҷдодӣ низ ҳамакнун аз нав эҳё гардидааст.

Бозори маҳсули ҳунарҳои дастӣ солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ сархаридор гардида, шумораи занону духтарон ба ин кор рӯйоварда рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ҷиҳати муаррифии маҳсулоти миллӣ корхонаю коргоҳҳо ва марказҳои таълимӣ дар намоишгоҳҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маснуоти тайёри дастии худро пешкаши тамошобинон ва сайёҳон мегардонанд, ки барҳақ, муаррифгари фарҳанги бой ва қадимаи халқи тоҷик мебошанд.

Имрӯз зарурати таъсиси мағоза ва растаҳои алоҳидаи фурӯши маҳсулоти санъати амалии халқӣ ба миён омадааст. Дар ин сурат ҳунармандони халқӣ, ки маҳсулоти тайёрнамудаашонро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамоянд, пеш аз ҳама ба сифати маҳсулот ва ороиш (дизайн)-и он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо нархи арзон пешкаши харидорон  ва сайёҳон менамоянд.

                                                                                            Таҳияи

                                                                                    Анвар ЮСУПОВ [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28      
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо