[:tj]
Бо истифода аз таҷрибаи давлатҳо дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ва бо назардошти талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият пешниҳод мегардад, ки дар масъалаи мазкур тавсияҳои зеринро ба роҳбарӣ гиранд:
- Чораҳои пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва бехатарии кормандон:
– кормандонро бо антисептикҳои пӯст (масалан, насби диспансерҳо) ва рӯмолҳо (салфеткаҳо), даҳонбандҳои безараргардонӣ таъмин намоянд ва инчунин истифодаи онҳоро аз ҷониби кормандон дар даромадгоҳи бино назорат кунанд;
– барои иҷрои чорабиниҳо аз ҳисоби фонди захиравии музди меҳнат (дар асоси моддаи 162 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фонди захиравӣ таъсис дода шаванд), фонди ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон маблағҳоро истифода намоянд;
– захираи муваққатии маблағҳо ва дигар воситаҳои ҳимоя бояд барои на камр аз 5-6 рӯз бошад;
– дар ҳолатҳои фавқулодда ва эҳтимолияти пайдо шудани беморӣ дар корхона, ҳарорати бадани коргаронро дар аввали рӯзи корӣ ва инчунин дар тамоми рӯз назорат кунанд;
– кормандонеро, ки ҳарорати баланд доранд аз ҷои кор дур кунанд;
– ҷойи кори кормандро бо маҳлулҳои безараргардонии вирусӣ тоза намоянд (диққати махсусро ба безараргардонии қитъаҳои умумӣ ва ҳама қисмҳои робитадошта бояд равон кард);
– аз гузаронидани чорабиниҳои калони омавӣ, ки тамоми кормандонро дар ягон нуқтаи муайян ҷамъ мекунанд, худдорӣ бояд кард;
– муваққатан қатъ намудани сафарҳои хизматии кормандон, алахусус ба кишварҳои хориҷӣ;
– агар дар дохили ширкат, корхона ё муассиса ошхона мавҷуд бошад, асбобҳои таъиноти маишӣ ва хоҷагии (зарфҳо ва косаю табақ) истифодаашон яккаратаро истифода намоянд ва пас аз он партофта, безарар гардонида шаванд ва бо тартиби муқаррарӣ нест карда шаванд. Агар ширкат зарфҳои муқаррариро истифода барад, онҳо бояд дуруст коркард карда шаванд (беҳтараш дар мошинаҳои шустушӯӣ зарфҳо дар реҷае, ки безараргардонии зарфҳоро таъмин мекунад, дар ҳарорати на камтар аз 65 дараҷа дар давоми 90 дақиқа бишўянд);
– аз корфармоён талаб карда мешавад, ки ҳамарӯза ошхонаро бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кунанд;
– роҳбарони ташкилотҳо вазифадоранд, ки шароити бехатар ва ҳифзи меҳнатро таъмин кунанд, инчунин кормандонро аз риояи чораҳои бехатарӣ огоҳ намоянд.
- Танзими муносибатҳои шартномавии меҳнатӣ бо кормандон дар давраи пандемияи бемории COVID-19:
– бо мақсади пешгирии беморӣ ва дар сурати ҷорӣ шудани карантин корфармоён метавонанд, ки кормандонро ба корҳои фосилавӣ гузаронанд. Корҳои фосилавӣ мувваққатӣ буда, дар давраи ўҳдадориҳои меҳнатии корманд ва музди миёнаи меҳнат нигоҳ дошта мешавад;
– корфармо инчунин метавонад бо сабабҳое, ки аз иродаи тарафҳо вобаста нестанд, бекористии муваққатиро элон кунад (дар ҳолати элон намудани ҳолатҳои фавқуллода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон). Вале, мутобиқи талаботи моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд ва ё дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад. Дар асоси модаи 33 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.
Инчунин, мутобиқи моддаи 117 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рўи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба ў (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд (маоши мансабӣ бе мукофотпулӣ ва иловапулиҳо) кам буда наметавонад;
– имконияти фиристодани корманд ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ё рухсатӣ аз ҳисоби худ вуҷуд дорад, аммо танҳо дар мувофиқа бо корманд. Роҳбар кормандро маҷбур карда наметавонад, ки бар хилофи хоҳиши худ рухсатии бемузд гирад. Ин поймол кардани ҳуқуқҳои меҳнатист. Дар ҳолати ошкори чунин ҳолат корфармо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад;
– дар ҳолати элони ҳафта ё моҳи бекорӣ, ин ҳафта ё моҳи бекорӣ барои паст кардани музди меҳнати кормандон асос шуда наметавонад. Агар кормандон дар рухсатии меҳнатии музднок қарор дошта бошанд, давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рўзҳои элоншудаи ғайрикорӣ дароз карда намешаванд ва бо тартиби умуми мисли дигар кормандон, аз рўзе, ки бояд корманд ба кор мебаромад, музди меҳнат ҳисоб карда мешавад;
– кормандоне, ки ба корҳои фосилавӣ ҷалб шудаанд кори худро дар мувофиқа бо корфармо амалӣ менамоянд;
– кормандоне, ки бинобар сабабҳои реҷаи карантинӣ ва ё баста шудани роҳҳо дар хориҷи кишвар қарор дошта (дар сафари хизматӣ, табобат ва истироҳат) ба ҷойи кор ҳозир шуда наметавонанд, аз кор озод карда намешаванд, ҷойи корӣ ва музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин ҳолатҳо музди меҳнати кормандон дар асоси қисми 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 «Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии мувакқатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқамадданд» пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми иҷро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан, барои давраи ноилоҷ ба кор ҳозир нашудан, додани кафолатҳои иловагӣ барои занону ҷавонон, ки ҳисобкунии андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]