Ташвиқоту тарғибот дар донишгоҳ

[:tj] 

 

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ҳам корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро вобаста ташвиқу ба тарғиби касбу забономӯзӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемории сироятии «Коронавирус», шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мубориза бо дигар хатарҳои ҷаҳони муосир ба роҳ монда, дар ин самт бо Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, ҳамин гуна чорабинии муштарак дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузаронида шуд, ки ба он донишҷӯёни  курси аввал фаро гирифта шуданд.

Дар назди онҳо мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Адиба Саттор, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ Эҳсон Исоев ва сармутахассиси Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд Умеда Ҳошимова суханронӣ карданд.

Баъди суҳбат ва саволу ҷавоб бо дастгирии комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ба иштирокчиёни мулоқот ниқобҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ тақсим гардид.

 

                                                              Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо