Таҳкими самтҳои нави ҳамкорӣ: баррасии татбиқи созишномаҳо

[:tj] 

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад тайи солҳои охир бо рушди тадриҷии вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Бар замми ин, тавассути роҳандозии барномаву лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағхои буҷетӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти мамлакат шахсони бекор ба курсҳои касбомӯзӣ, такмили тахассус ҷалб шуда, касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ омӯзонда мешаванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шахси бекор метавонад, натанҳо бо кор таъмин шавад, балки худиштиғол гардад ва ба дигарон низ ҷойҳои корӣ таъсис намояд. Мувофиқи омори расмӣ, танҳо дар давоми соли 2019 маҷмӯъан дар мамлакат 163 567 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, дар давраи зикршуда, аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар саросари кишвар 76 374 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъмини табақаи қобили меҳнати бо ҷойи кори муносиб дар хориҷи кишвар низ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Дар ин росто бо як қатор мамолики дуру наздик созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байнимақомотӣ ба тасвиб расидаанд, ки татбиқи босамари онҳо, аз як ҷиҳат ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ мусоидат кунад, аз лиҳози дигар будубошу фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандонро берун аз ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки қисми асосии муҳоҷирони меҳнатии мо ба сифати кишвари фаъолияти меҳнатӣ Федератсияи Россияро интихоб мекунанд, бо ин давлати дӯсту бародар як қатор созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расидааст, ки собитгари бебаҳси тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар ҷодаи беҳдошти шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии ҳамватанон дар ҳудуди ин кишвар маҳсуб меёбад.
Яке аз чунин санадҳо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба шумор меравад, ки 18 апрели соли 2019 дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар баробари дигар созишномаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба имзо расида буд.

Зимни мулоқоти мустақими Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулрӯ Ҷабборзода бо Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия Котяков Антон Олегович, ки 10 июли соли 2020 доир гардид, ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳо дар доираи санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ки муқаррароти онҳо ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими масьалахои бозори меҳнат равона шудааст, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таъсиси Гурӯҳӣ коршиносони муштарак баҳри татбиқи босамари санадҳои ҳамкории амалкунанда ва ҳамзамон, таҳияи Нақшаи кории Тарафҳо барои солҳои 2021-2022 мубодилаи афкор карданд.

Дар рафти мулоқот мувофиқа ҳосил шуд, ки дар асоси созишномаи мазкур гурӯҳи корӣ, иборат аз масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия дархостҳои субъектҳои хоҷагидорӣ Федератсияи Россияро омӯхта, вобаста ба шумора ва касбу ихтисос хоҳишмандонро аз ҶТ дар корхонаҳои Россия ба таври муташаккил бо кор таъмин менамояд. Дар ин зимн тамоми меъёрҳои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз таҳияи санадҳои лозимаи будубош ва фаъолияти меҳнатӣ то шароити кору маишии кормандон, инчунин пардохти саривақтии музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешавад. Аз афзалиятҳои дигари ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ дар онаст, ки ҳолатҳои таъхирёбӣ ёхуд пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон аз байн бурда мешавад. Зеро, тавре аз таҳлилҳои муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бар меояд, таъхирёбӣ ёки пардохт нагаштани музди меҳнат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар рафти мулоқоти мустақим аз ҷониби вазир масъалаи мазкур низ баррасӣ гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати мусбати он барои тақвияти ҳамкории сохторҳои марбутаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ФР, аз ҷумла имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва Бозрасии давлатии федералӣ оид ба меҳнат (Роструд) ба мувофиқа расиданд.

Мавриди зикр аст, ки татбиқи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари муҳоҷирати инфиродӣ сурат мегирад ва нафароне, ки дар асоси таҷрибаи пешин имкон доранд мустақилона дар субъектҳои хоҷагидори ФР ҷойи кор пайдо кунанд, фаъолияти меҳнатии худро мустақиман идома диҳанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки барои бехдошти некӯаҳволии мардум равона гардидаанд, бо истифода аз зарфиятҳои мавҷуда пайваста тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд.

 

                                Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                              аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

                                     

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо