Толибилмони литсей огоҳонида шуданд

[:tj]Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳбо мақсади иҷрои барқияи Хадамоти муҳоҷират аз 18 ноябри соли 2019, №17.6/ 1073ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ки дар Иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум аз 23 октябри соли равонбаён доштааст, айни замон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияти миллӣ ва ходимони дин вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ намуда истодаанд. Чорабинии нахустини ин силсила 14 ноябр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуда буд. Ҳамин гуна мулоқот рўзи 22 ноябр дар литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва шуъбаи хадамоти мазкур дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки дар он наздик ба 400 нафар устодону устоҳои таълимӣ ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Чорабиниро устоди литсей Алиҷон Ашўров ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи маъмурият ба ташкилкунандагон ва меҳмонони ташрифоварда миннатдорӣ баён кард.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ғаниев дар суханрониаш бештар ба заминаҳои пайдоиши терроризму экстремизм равшанӣ андохта, қайд кард, ки ин падидаи номатлуб ва хатари ҷаҳонӣ аз қаъри асрҳо реша мегирад. Он душманону бадхоҳони миллату давлати миллӣ, ки дар вақташ дар сарнагун намудани Давлати Сомониён ба туркони қарахонӣ кўмаку мусоидат намуданд ё дар солҳои 20-уми асри гузашта ҳамчун босмачӣ ба ҷонибдории амирони манғитиву душмании сохти нав бархеста буданд ва билохира хоинону ватанфурўшони дар оғози солҳои соҳибистиқлолқ Ватани ободу зебоямонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида ҳам мантиқан террористу экстремист ҳастанд. Амалҳои ноҷавонмардонаи Абдуҳалим Назарзода дар соли 2015, ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ва фитнаангезию иғвоандозони собиқаъзоёну пайравони ТТЭ Ҳизби наҳзат гувоҳи он аст, ки душманону бадхоҳони давлату миллат ҳоло ҳам аз қасду ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд.

Агар насли имрўза, махсусан наврасону ҷавонон хоҳанд, ки он рўзҳои сиёҳ дигар такрор нашаванд, бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандўсту ватанпарвар шуда, ояндаи дурахшонашонро бо дастони худ бисозанд.

Муфаттиши калони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани милитсия Алишер Ниёзбадалов зимни маърўза гуфт, ки аз соли 2002 то ба имрўз дар Ватанамон фаъолияти 26 гурўҳҳои террористию экстремистӣ манъ карда шудааст. Ин гуна гурўҳҳо номҳои гуногун дошта бошанд ҳам, онҳоро як мақсад, яъне муташанниҷ сохтани авзои сиёсии ҷомеа, анҷом додани амалҳои террористӣ, тарсонидану воҳима андохтан дар байни мардум, дар дили аъзои ҷомеа коштани тухми нифоқу нобоварӣ нисбати давлати қонунӣ ва билохира ғасби ҳокимият мебошад.

Номбурда бо овардани мисолҳо аз таҷрибаи хизматии худ таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии ба доми террористону экстремистон гирифтор шудани шахсони ноогоҳ дар сатҳи паст қарор доштани донишу маърифати онҳост. Касе, ки бо аслиҳаи илму дониш мусаллаҳ набошад, роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда наметавонад. Ҳоло, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити зарурӣ муҳайёст, наврасону ҷавонон бояд илму ҳунар омўзанд, забондон шаванд ва дар радифи нерўҳои равшанфикр нисбати тақдири ояндаи худ ва халқу Ватан бетараф набошанд.

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ, ки маърўзачии асосӣ буд, таъкид дошт, пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда ва роҳ надодани аъзои оилаи онҳо ба сафар ба хориҷа аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рўз буда, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бо назардошти ин, дар фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва зерсохторҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ин мавзўъҳо мавқеи муҳим дорад. Раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  дар ин самт ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, литсейҳои касбӣ – техникӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондаанд.

Аз ҷумла, вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии падидаю  ҳодисаҳои номатлуб, таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва қарори Раиси вилоят аз 15 декабри соли 2016, №532 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» дар вилояти Суғд» аз оғози соли равон корбарӣ рафта истодааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят аз оғози сол то имрўз наздик ба 400 адад чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо фарогирии 34 ҳазору 58 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо гузаронида шуд. Аз ҷумлаи чорабиниҳои доиргардида 291чорабинӣ бо фарогирии 19 ҳазору 536 нафар ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бахшида шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми гуселу сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамзамон тавассути воситаҳои ахбори омма ҳам ба роҳ монда, дар рафти онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карда мешаванд. Раёсат соли ҷорӣ низ ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” ва “ХЕЛВЕТАС” дар самти баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, дастрас намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва тарзи солими ҳаёт, аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронидани онҳо давом дода истодааст.

Дар идомаи суханрониаш Зайнура Шарифӣ аз натиҷаи сафари гурўҳҳои кории МИҲД-и вилоят ба кишвари Олтой ва шаҳри Москва, ки ба ҳайати онҳо шомил буд ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маълумот дода, аз падидаҳои мусбату манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон оид ба вазифаҳо ва мақсадҳои Сафоратхонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, консулгариҳо дар як қатор вилоятҳои ин кишвар, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Русия, ҷамъиятҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанон ва диаспораҳои тоҷикон, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, Филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, субъектҳои хоҷагидори амалкунанда ва марказҳои маълумотдиҳии сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳамаи онҳо бо мақсади дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо фаъолият мебаранд ва ҳамеша омода ба кўмаку дастгирӣ ҳастанд.

Суханронии корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд лейтенанти калон Шоҳрухҷон Сайфиддинов асосан ба мавзўи ҳамкории босамарашон бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бахшида шуд. Мавсуф таъкид дошт, ки дар ин самт, пеш аз ҳама, бояд падару модарон ва шахсони наздики онҳо масъулият ҳис намоянду корбарӣ кунанд. Ў низ мисли дигар маърўзачиён иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо аҳли ҷомеаро ба муборизаи дастҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир даъват кард.

Дар рафти саволу ҷавоб ба аҳли толор маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

Зайнура Шарифӣ ҳамагонро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва мулоқотро ҷамъбаст кард.

 

                                                                                       Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо