Тоҷикони вилояти Перм

[:tj]Як назарпурсӣ, дар вилояти Перми Федератсияи Русия вазъи тоҷикони ин минтақа тайи даҳ соли охир беҳбуд ёфтааст. Агар дар гузашта онҳо дар ҷустуҷӯи кор буданд, ҳоло соҳиби коргоҳу тиҷорати худ шудаанд.

        Тайи даҳ соли охир муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа шароити кору зиндагии худро беҳтар кардаанд.

        Абдураҳмон Содиқов, дар айни даргириҳои дохилии Тоҷикистон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба шаҳри Перм рафта, дар оғоз ба корҳои гуногун, аз ҷумла боркашиву борфарорӣ ва шустушӯи зарф дар ошхонаҳо машғул буд.

Дар ин муддат Абдураҳмон Содиқов фаъолияти худро равнақ додааст ва як ширкати хусусии посбонии муассисаҳоро боз карда ва чанд нафар аз тоҷиконро ба кор гирифтааст. Мошини хусусӣ ва ҳавлии калон дорад. Хонаводаашро аз Тоҷикистон овардааст ва се писараш таҳсил мекунанд.

        Мастона, яке дигар аз ин афрод аст, ки баъд аз фавти шавҳараш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо се фарзандаш дар Варзоб танҳо мондааст ва барои тарбияву таъмини онҳо ба шаҳри Перм муҳоҷир шудааст. Бо вуҷуди доштани маълумоти олии омӯзгорӣ дар оғози муҳоҷират кам-кам орд харида, нон мепӯхтааст ва барои фурӯши онҳо бозор ба бозор мегаштааст.

Раҳматулло Мазориев, корманди Маркази ғайридавлатии омӯзиши равандҳои муҳоҷирати вобаста ба кишвари Перм мегӯяд, Мастона се фарзандашро аз Тоҷикистон ба Перм овардааст. Писари калониаш дар Донишгоҳи тиббӣ ва дувумӣ дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил мекунад. Худи Мастона техникуми «кулинария»-ро ғоибона хатм кардааст ва ҳоло устои калони корхонаи нонпазии шаҳр мебошад. Ин коргоҳ зери назари вай нону кӯлча ва кӯлчақанд мепазанд ва маҳсули дастони онҳо дар шаҳр муштарии зиёд доранд. Чанд зани тоҷик ва узбакро дар ин корхона ба кор гирифтааст. ӯ ҳам мошин ва хонаи хуб дорад.

Бо кумаки Раҳматулло Мазориев яке дигар аз муҳоҷирони тоҷик  Акрамҷон Собиров, ки ҳоло яке аз сарватмандони шаҳри Перм ба шумор меравад. ӯ мегӯяд: «Вақте омадам, ҳеч чиз надоштам. Ду-се соли аввал мушкилиҳо зиёд буд. Сабзавоти соҳибкоронро мефурӯхтем. Оҳиста-оҳиста худамон рафта аз кишоварзон мехаридему оварда мефурӯхтем. Нуқтаҳои савдои худро кушодем. Мушкилиҳо паси сар шуд».

Айни замон Акрамҷон Собиров ошхонае сохта, коргоҳи қаннодӣ низ дорад. Дар таомхона 6 нафар ва дар коргоҳи қаннодӣ 22 нафар шаҳрвандони тоҷикро ба кор гирифтааст ва ба онҳо ҳар моҳ 30 ҳазор рубли русӣ дастмузд медиҳад. Гузашта аз ин, дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) 4 гектар боғи мева ва фермаи говпарварӣ ташкил кардааст, ки 80 сар гов дорад. Дар ин ширкатҳояш тақрибан 50 нафар тоҷикон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ кор мекунанд ва ба ҳар яке аз онҳо рӯзе 30 сомонӣ музд медиҳад. Ҳамаи ин корҳо аз ҳисоби пулест, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст.

Раҳматулло Мазориев мегӯяд, ин намунаҳои хуб аст ва мутаассифона шумораи чунин одамон зиёд нест. Гурӯҳи аслии муҳоҷирон, яъне тақрибан 60-65 дарсади онҳо ҳамчунон дар сохтмонҳо кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ низ ҳастанд. Онҳое низ ҳастанд, ки бо тиҷорати хурд машғуланд.

Имрӯз дар вилояти Перм 7 ҳазору 295 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва худро дар миёни аҳолии маҳаллӣ шахси бегона эҳсос намекунанд. Дар ин миён барномаҳои мутобиқсозии муҳоҷирон бо шароити маҳал, аз қабили ҳамгароии онҳо, давраҳои махсуси омӯзиши забони русӣ бо ёрии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъияти тоҷикон ба онҳо кумак кардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират (Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия) дар Перм мегӯяд, дар давоми як соли охир дар маҷмӯъ шумораи муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ 32 дарсад дар минтақа коҳиш ёфтааст ва муҳоҷирони тоҷик ҳам камтар шудаанд. Сабаби он таҳримҳои иқтисодии Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бар зидди Русия арзёбӣ мешавад. Бар асоси шумориши аҳолии соли 1989 дар кишвари Перм дар маҷмӯъ 350 тоҷик зиндагӣ мекард. Вале дар шумориши дигари аҳолӣ дар соли 2018 теъдоди тоҷикон аз 23 ҳазор нафар зиёд мебошанд.

                                                                                             Таҳияи

                                                                                                    Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо