Тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур

[:tj]Тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур бо сарварии Қосим Абдухолиқов тавонистаанд ҷамъиятеро таъсис диҳанд, ки бо баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланд муаррифгари миллату ватан мебошад. Ҳар як ҳамватани мо, ки орияти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дорад, ба хубӣ медонанд, ки маҳз тавассути забону расму оину фарҳанг метавонанд миёни дигар халқиятҳо маъруф гардидаву мақом дошта бошанд.

Соҳибкорони муваффақи тоҷики ин шаҳре, ки дар солҳои шӯравӣ аз ҷониби ҷавонони тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар болои ботлоқзор сохта шудааст, доимо кӯшиш мекунанд дар баробари муаррифгари милату ватан будан нақши сазовори худро дар ободиҳои Тоҷикистони азиз гузоранд. Зимни суҳбати телефонӣ раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур Қосимҷон Абдухолиқов иброз кард:

– Мо дар кадом гӯшаи олам, ки бошем, тоҷик ҳастем ва ифтихор аз он дорем, ки имрӯз давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллати тоҷик ба  як кишвари зебову афсонавӣ табдил ёфтааст ва осон набуд барои Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ва боз дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки осон нест ҳам роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифтану ҳам ободиҳо кардан. Дур намеравем, ҳеҷ кас бовар надошт, ки дар диёри мо боз мардум бо ҳам меоянду ваҳдату оромӣ тантана мекунад.

Бовар кунед, он солҳои 1992-97 мардум орзуи ёфтани як пора нонро доштанду дар паи халосии ҷони худ буданд. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари давлат омад, ки дар Тоҷикистон на ягон корхонаи обод монда буду на ягон соҳаи дуруст фаъолияткунанда. Бо иқтисодиёте, ки фалаҷ шуда буду ҳама воситаҳои техникаву лавозимоти зарурии кишоварзиро ба яѓмо бурда буданд ва боз бар замми ин кашмакашиҳову нооромиҳо руҳияи мардумро, боварии мардумро ба фардои нек шикаста буданд, вале маҳз сиёсати хирадмандонаву одилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати мор обоз дубора эҳё кард. Биноҳои боҳашаммати ҳам давлативу ҳам инфиродӣ, таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, будёди нақбҳо гувоҳи оромиву осудагии давлати тоҷикон аст.

27 июни соли равон тамоми мардуми тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур низ, мисли дигар тоҷикони дунё ин иди муборак Ваҳдати миллиро бо як ҳисиёти ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҷашн мегиранд.

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур фарорасии иди тамоми тоҷикистониён Рӯзи Ваҳдати миллиро табрик гуфта, ба ҳамаи тоҷикони ин минтақаи Федератсияи Россия будбориҳо таманно дорад.

                                                                                     Анвар ЮСУПОВ  

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо