Фаъолияти Хадамот дар семоҳаи аввал натиҷагирӣ карда шуд

         13 апрели соли равон ҷаласаи Шӯрои Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2021  ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи Хадамот, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.

         Тибқи рӯзномаи маҷлис як масъала “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори нимсолаи аввали соли 2021”, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

         Бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар семоҳаи аввали соли 2021 Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир  баромад намуда, иброз дошт, ки Хадамоти муҳоҷират фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли 2021 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ҷиҳати дар амалӣ тадбиқ намудани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2021 ба роҳ монда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

         Ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби Хадамот дар ҳамбастагӣ бо Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат, лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 7500 нафар барои соли 2020” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”-ро дар таҳрири нав таҳия ва мувофиқа намуда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

         Моҳият ва муҳтавои Қонун ва Фармони мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар дохили кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳимояи бозори дохилии ҷумҳурӣ  равона гардида, заминаҳои мусоидеро дар бахши танзими муҳоҷират фароҳам меоранд, – афзуд маърӯзачӣ.

         Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, бахшу шуъбаҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони  Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”оид ба фаъолияти семоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар иброз доштанд, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шуда, ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои хубу хотирмон пешвоз гирем.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират  анҷом ёфт.

Анвар ЮСУПОВ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо