Хадамоти муҳоҷират мусоидат мекунад, тавсия медиҳад

[:tj]Имрӯзҳо кормандони Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 баргузор гардид, ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Русияро доранд, ҷоннок намуда истодаанд.

Зимни пурсиш аслан шаҳрвандон оид ба маҳзанаи вурудашон мамнуъ (депортатсия), гирифтани патент, иҷозати кор, муҳоҷирати бехатар, сертификат, суғуртакунонии муҳоҷир, маълумотномаи тиббӣ ва ғайра муроҷиат намуда, маслиҳатҳои муфид мегиранд.

Хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» Анвар Юсупов бо чанде аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба Хадамоти муҳоҷират ташриф овардаанд, ҳамсўҳбат гардид.

Асрор Нодиров, иқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти М. Турсунзодаи  ноҳияи Рудакӣ. Соли панҷум аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Ў ба ин ҷо барои аз санҷиш гузаронидани шиносномааш омадааст. Айни замон А. Нодиров омодаи сафар ба кишвари Русия буда, мехоҳад ҳар чӣ зиёдтар дар бораи таъғйиру иловаҳо дар қонунҳои будубоши кишвари қабулкунанда, муҳоҷирати бехатар, тарзи дурусти гирифтани патент, иҷозаи кор ва ғайра маълумот дошта бошад.

Бояд қайд кард, ки Асрор ба ҳамаи саволҳояш ҷавобҳои қаноатбахш гирифта аз муомилаи хуши кормандони Раёсат изҳори миннатдорӣ баён намуда гуфт, ки акнун бо дили пур ва нияти нек ба сафар мебароям.

Ҳакимҷон Афзалов, сокини ноҳияи Файзобод низ солҳои тўлонӣ дар минтақаҳои гуногуни давлати Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кору фаъолият намудааст.

Ҳ. Афзалов се сол пеш аз тарафи мақомоти дахлдори кишвари Русия ба муҳлати се сол ворид шудан ба ин кишвар манъ гардида буд.  Акнун баъди санҷиш маълум гардид, ки роҳаш кушода шудааст. Дигар номи ў дар рўйхати мамнуъшудагон нест ва метавонад барои муҳоҷирати меҳнатӣ омодагӣ бинад.

Дар сўҳбат Ҳакимҷон изҳор намуд, кӣ дигар қонунҳои будубоши кишвари Русияро вайрон нахоҳад кард ва ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро қонунӣ намуда фаъолият мекунад.

Зокир Исмоилов, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Соли дуюм аст, ки роҳи муҳоҷираташ манъ аст, Ба ин хотир ба Хадамоти муҳоҷират ташриф оварда,  кушода шудани онро фаҳмидан мехоҳад.

Баъди санҷиши шиносномааш маълум гардид, ки ҳанўз дар маҳзани мамнуъшудагон қарор дорад. Бо тавсияи кормандони масъули Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ўро барои касбомўзӣ ба МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» равона карданд.

Зокир Исмоилов ин тавсияи онҳоро бо ҷону дил қабул намуда гуфт, ки рафта касб меомўзам бад барои кор ба кишвари Русия меравам.

Нозим Мансуров, сокини ноҳияи Шаҳринав соли даҳум аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ў низ мисли дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таъмини оилаи худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Русия сафар мекунад.

Мавсуф ба ҳайси ронандаи автобус дар яке аз корхонаҳои мусофиркашии шаҳри Москва кору фаъолият мекунад. Нозим Мансуров собиқаи калони ронандагӣ дорад. Дар давраи Шўравӣ ронандаи автобуси «Икарус» шуда кор мекард. Аслан ў дар самти Душанбе -Термези Узбекистон мусофир мекашонд. Баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ бекор монда, ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба кишвари Русия сафар мекунад. Чуноне ки ў накл кард, солҳои аввал душвор буд, дар корхонаҳои мусофиркаш хориҷиёнро ба кор намегирифтанд. Баъди чанде озмун эълон карданд, дар он ширкат варзида иҷозаи ронандаи автобуси мусофиркашро соҳиб гардид. «Инак, соли даҳум аст, бо касби дўстдоштаам кору фаъолият намуда истодам» – мегўяд Нозим Мансуров.

Дар ҳақиқат акои Нозим шахси кордида ва соҳибтаҷриба аст. Ба ватан барои дидори волидайни хеш омадааст. Ўро аз корхона рухсатӣ додаанд, баъди чанд рўзе боз бармегардад.

Ба ҳамватанони азиз гуфтаниам, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия, аввал ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намоянду баъдан ба сафар бароянд. Дигар ин ки шаҳрвандони мо аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Россия бо хабар бошанд – таъкид менамояд Н. Мансуров.

Хадамоти муҳоҷират ҳамаи он камбудиҳои муҳоҷирони меҳнатиро таҳлил намуда, иҷрои чунин талаботро зарур мешуморад: 

– донистани забони давлати ба кор қабулкунанда;

-доштани одоби  муошират (яъне одоби сухангў дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ);

-риояи одобу тарзи пўшидани либос;

-риояи (гигиена) беҳдошт, тозагии  шахсӣ;

-ҳатман доштани касбу ҳунар;

-худдорӣ намудан аз нушокиҳои спиртӣ ва истеъмоли  маводи нашъовар;

-донистани фарҳангу  урфу одатҳои давлати будубош;

-дўстию рафоқат дар муҳоҷират;

-робита бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ   дар Федератсияи Россия;

-риояи тартибу интизом дар фурўдгоҳҳо;

-риояи қонунгузории Федератсияи Россия;

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо