Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданист, ки аз 1 апрел парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор шуданд.
Бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, пайдарпай парвозҳои байналмилалие, ки бо хурӯҷи бемории коронавируси COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, барқарор карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуда буд, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои истифода бурдани нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби мусофирон ва бе мушкилӣ рафтуомади шаҳрвандон, парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор карда шаванд.
Тибқи қарори қабулнамудаи мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ба парвозҳои мунтазам байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷозат дода шудааст.
Бояд зикр намуд, ки амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб, оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Ба маълумоти шаҳрвандон расониданием, ки ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ҳар хафта рӯзи сешанбе дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ва ҳавопаймои ширкати русӣ «Ют Эйр» ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар хатсайри Москва-Душанбе-Москва парвоз анҷом медиҳанд. Нархи чиптаи рафту баргашт 450-500 доллари амрикоӣ муқаррар карда шудааст.
Шаҳрвандони муҳтарам, тибқи талаботи мавҷуда, мусофироне, ки аз хатсайрҳои самти Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва-Душанбе-Москва истифода мебаранд, бояд ки талаботҳои санитарию беҳдоштиро ҳатман риоя намуда, пеш аз парвоз бояд маълумотномаи ташхиси тиббии бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он на бояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 надошта бошанд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.