Чорабинии муштарак дар Деваштич

[:tj] 

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, № 776 вобаста ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 тибқи нақшаи шурои ҳамоҳангсозии мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Деваштич дар толри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи фаъолон доир гардид.

Дар ҷаласа раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Манучеҳр Ҳотамов, прокурори ноҳия Абдусамӣ Раҳмонзода суханронӣ намуда, ќабул ва татбиқ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умумӣ”-ро аз иқдомҳои навбатии ватандўстона ва башардўстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, ҳамзамон диққати аҳли толорро ба афзудани хатарҳои экстремизму экстремизм дар ҷаҳони муосир, пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона ба муқобили падидаҳои номатлуб ва вазифаи аҳли ҷомеа дар марҳилаи имрўза ҷалб намуданд.

Дар ин радиф масъалаи муҳоҷирати бехатар, тағйироту иловаҳои ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират воридгардида, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирию мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, равнақ бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар масоили доғи рўз низ баррасӣ шуд.

 

                                                                               Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо