Шиносоӣ аз иншооти ҷашнӣ дар Роштқалъа

Нимаи рӯзи 22 май гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Роштқала низ дидан намуданд.

Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар ва раиси ноҳияи Роштқалъа Назаршозода Лоиқ гурӯҳи кориро аз рафти корҳои созандагиву ободонӣ, аз ҷумла КВД “Гулдаста” шинос карданд. Инчунин, ҳайати гурӯҳи корӣ аз бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолон” дар ноҳияи Роштқалъа боздид намуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ аз рафти сохтмонҳои ҷашнӣ, аз ҷумла иншооти сохтмонӣ Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор ба масъулини сохтмон ва кормандони ниҳодҳои марбутаи вазорат ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани иншоот дар ноҳияи Роштқала дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо