Ҳамкории судманд бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо

[:tj]Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ ҳамҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои Роҳатӣ, Россия, Лоҳур ва Султонобод дар мавриди “Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти ҷомеа”, “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ семинар баргузор намуд.

Дар ин чорабинии маърифатӣ-иттилоотӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамзамон имомхатибон, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ҷамъ 350 нафар иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз мавзўъҳои асосии дар рафти ин семинар баррасигардида муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо,  мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро эътибори махсус зоҳир намуданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ тасмим гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамин гуна мулоқотро дар ҳамаи ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба роҳ монад.

 

                                                                                         Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо