Ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба Осетияи Шимолӣ баррасӣ гардид

3 июн дар дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Осетияи Шимолӣ «Помир» Худододов Арсен вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими фаъолияти корӣ, расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи иқомат, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар корхонаву коргоҳҳои минтақаи Осетияи Шимолӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил ва ба роҳ мондани семинару машваратҳои иттилотӣ барои муҳоҷирон, баргузории ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Асетияи Шимолӣ «Помир» пайваста чорабиниҳои мухталифро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқими Осетияи Шимолӣ баргузор намуда, барои муаррифии фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин масоили ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба корхонаву ташкилотҳои минтақаи Осетияи Шимолӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки дар мувофиқа бо мақомотҳои дахлдори маҳаллии минтақа барои ҷалби қувваи корӣ Агентии бо корматъминкунӣ дар Осетияи Шимолӣ таъсис дода шуда, пайваста дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар фарҷоми мулоқот пешниҳод гардид, ки барои ҷалби муташакилонаи қувваи корӣ ба Осетияи Шимолӣ мулоқоти роҳбарияти Намояндагӣ бо доираи корфармоёни мувафақи минтақа ба роҳ монда мешавад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо