Ҷамбасти шаш моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]16-уми июл дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Суғд, Хатлон  ва ВМКБ иштирок намуданд.

Сипас дар назди ҳозирин ҳисоботи 6 моҳа аз тарафи муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов шунида шуд. Зимни баромади хеш, ў қайд кард, ки Хадамоти муҳоҷират дар ҳалли мушкилотҳои бамиёномада ва проблемаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро бо кишварҳои муштараки ИДМ ҷоннок намуда, ба ин мақсад дар ҳамаи кишварҳои ИДМ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолият тадбирҳои муштарак андешида истодааст.

12 феврали соли равон комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон дар асоси супориши ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматиро дар бораи реадмиссия ва иҷрои Протоколи онро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират таҳия гардидаанд, ки дар ҷараёни сафари расмиии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рўзҳои 14 – 15 марти соли 2018 ба имзо расонида шуданд.

Муҳтавои санадҳои баимзо расида ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ду давлат, ки дар ҳудудӣ якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ  менамоянд, равона гардида ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави якдигар ба муҳлати 30 рўз аз бақайдгузорӣ дар маҳали будубош озод мебошанд ва муҳлати будубоши онҳо аз рўзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рўзи тақвимӣ муайян карда шудааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи Ёдошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ таҳия гардида, моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд. Тибқи Ёдошти тафоҳуми мазкур масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба  Амороти Муттаҳидаи Араб танзим шуда, шарту шароити меҳнатии шаҳрвандони мо дар Амороти Муттаҳидаи Араб таввасути шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо пешбини карда шудаанд.

Ҷиҳати пайдо намудани бозорҳои нави меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои хориҷии дуру наздик чораҳо андешида шуда, дар ин муддат бозорҳои меҳнати давлатҳои Қувейт, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишварҳо мавриди  омўзиш ва таҳлил қарор дода шуда,  лоиҳаҳои созишномаҳо дар ин самт бо давлатҳои зикршуда  омода гардидаанд.

Ҳамзамон 20 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии 15 – уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия баррасӣ карда шуданд. Дар ин ҳамоиши машваратӣ коршиносон ҷиҳати омодагии  лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматиро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ва мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Айни замон, дар асоси супориш аз Протоколи ҷаласаи болозикр лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди  Федератсияи Россия ва шаҳрвадони Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шуд.

Дар ин ҷода 27 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи 21 – уми Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Алмаато ва рўзҳои 4 – 5 июни соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии 13-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишномаи байни ду кишвар дар шаҳри Москва баргузор гардида, як қатор масъалаҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, ки дар таҳкими заминаҷои меъёрии ҳуқуқии танзими давлатии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат ва  паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мақоми хосаеро касб намуданд.

Бо мақсади пешбурди корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи тайёрии пеш аз муҳоҷират ва мусоидат намудани захираҳои меҳнатӣ ба талаботи қонунгузории давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ,  мусоидат барои касбомўзӣ ва забономўзии  муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби Хадамот чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Алҳол тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират муваззаф шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо мунтазам вохўриҳою суҳбатҳоро баргузор намоянд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохуриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кўмакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ғайра мебошад.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон,  инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» оид ба камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Н.Маҳмадуллозода аз фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар 6 моҳи соли ҷорӣ қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки он камбудиҳои ҷойдошта ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

                                                                                               Анвар Юсупов

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
   1234
567891011
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
14151617181920
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
24252627282930
31      
   1234
567891011
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо