Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]22 феврал дар толори Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 26–умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон     ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад сардори Хадамот Тоҳир Каримзода аз роҳи пурмашаққати тайкардаи ин сохтори муҳими давлатӣ нақл карда,  дастоварду пояҳои пуриқтидори имрӯзаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мактаби мардонагиву матонат унвон намуд.

ӯ афзуд, мардуми тоҷик дар асоси суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар асоси базаи миллӣ артишро ташкил хоҳем кард», ки соли 1992 дар иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, 23 – юми феврали соли 1993 Артиши миллии худро таъсис дод. Заминаи ҳуқуқии Артиши миллӣ ин Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Дар сархати аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад».

Ҳар кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.

Зикр гардид, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки ин яке аз ин рукнҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,- иброз дошт сардори Хадамот.

Сипас, чанде аз кормандони Хадамоти муҳоҷират бо суханони табрикотӣ дар васфи Артиши миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ба ҳозирин филми мустанад намоиш дода шуд.

                                                                               Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо