Ҷаласаи XXXIV шӯрои машваратии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Имрӯз ҷаласаи XXXIV Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври маҷозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамкориҳои мақомоти дахлдори кишварҳои узви ИДМ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғли фосилавӣ ва таъмини бехатарии меҳнат, дастгирии оила ва кӯдак, меъёрбандии меҳнат ва дигар масоили марбут ба соҳаҳои меҳнат баррасӣ карда шуданд.

Аъзои Шӯрои машваратӣ вазъи иҷтимоию меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ-ро таҳлилу муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии чораҳо ҷиҳати танзими масъалаҳои бозори меҳнат, муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифз ва бехатарии меҳнат қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло иштирок намуда, доир ба таҳияи чораҳои амалӣ, ки ба вокуниши муштарак ба оқибатҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии пандемияи COVID -19 равона гардидаанд, маърӯза намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо