Аввалин шуда дар вилоят

[:tj]Барои обуна ба рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» барои соли 2019 ба шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 20 нусхаӣ меъёр муқаррар шудааст.

Дар ин самт бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич фаъолнокӣ зоҳир намуда, 13 июли соли равон ба 13 нусха рўзнома обуна ташкил кард ва дар миёни шуъбаю бахшҳо ба ин маърака оғоз бахшид.

Маротибаи дуюм, аниқтараш 12 сентябр, бахши мазкур муҳоҷирони дохилӣ ва экологиро ба 7 нусха рўзнома обуна кунонид. Ҳамин тавр, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич аввалин шуда дар миқёси вилоят меъёри обуна ба нашрияи соҳавиро таъмин намуд.

 

                                                                          Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар ноҳияи Деваштич

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо