Авҷи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд

[:tj] 

Дар асоси супориши Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз нимаи дуюми соли равон бо ташаббуси сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла маркази вилоят ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ рӯз то рӯз тақвият пайдо менамояд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова мавзӯи калидӣ дар ин чорабиниҳо пешгирии сироятёбии шаҳрвадон аз бемории “Коронавирус” – и навъи “КОВИД – 19” буда, ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, мубориза бо падидаҳои номатлуб ва омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар радифи дигар самтҳои фаъолият дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ таҷрибаи фаровон дошта, барои сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар дигар шаҳру ноҳияҳо намуна ба ҳисоб меравад.

Падидаи ҷолиб ҳамкории босамари шуъба бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, муассисаҳои таълимӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа мебошад.

Натиҷаи ҳамин ҳамкории босамар буд, ки дар маҳаллаҳои Ҷаббор Расулов, 1-уми май, Бофанда, Тути калон ва назди бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои муштарак дар сатҳи баланд, бо фарогирии теъдоди зиёди шаҳрвандон гузаштанд. Ҳамзамон ҳамарӯза кормандони шуъба дар байни муроҷиаткунандагоне, ки барои санҷидани шиноснома ва муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон ташриф меоранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Ба ғайр аз ташкили чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ташвиқоту тарғиботро бо усули хона ба хона, ҳавлӣ ба ҳавлӣ ҳам ба роҳ мондаанд, ки хеле таъсирбахш аст. Зимни суҳбат бо шаҳрвандон дар манзили зисташон ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва бо дастгирии ҳамкорон ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда мешавад.

– Тамоми кӯшишу ғайратамонро ба он равона сохтаем, ки дар рафти чорабиниҳои муштарак шаҳрвандон ҳарчи бештар аз хатарҳои сироятёбӣ ба бемории “Коронавирус” огоҳ гашта, саломатии худу атрофиёнро эҳтиёт намоянд. Дар рафти кор усулҳои таъсирбахштари ташвиқоту тарғибот муайян мегарданд, ки дар оянда аз онҳо босамар истифода хоҳем бурд, -гуфт зимни мусоҳибаи кӯтоҳ Манзурат Сатторова.

 

                                                                           Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо