Аз баракати ҳамкорӣ

[:tj]Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир ҳамкории бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият ва дигар муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, ҳамзамон ҷамоатҳои шаҳраку деҳот густариш ёфта, ба баракати ин ҳамкории барои ҷонибҳо манфиатбахш амалҳои шоиста ба анҷом мерасанд.

Аз ҷумла, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ватанамон бахш дар ҳамкорӣ бо шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаи омори ноҳия тариқи ташкили шанбегӣ гирду атрофро аз партов тоза ва даромадгоҳи бинои маъмуриашонро сафолакпўш намуданд. Аз рўи гуфтаҳои мудири бахш Санавбар Баҳодурова дар самти ободонию бунёдкорӣ корҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст, ки давра ба давра иҷро хоҳанд шуд.

Дар ин радиф 28 август дар ҷамоати деҳоти Ғазантарак чорабинии муштараки бахши Хадамоти муҳоҷират, комиссариати ҳарбӣ ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир доир гардид.

Баъди сухани ифтитоҳии раиси ҷамоат С. Бойматов аҳли толор баромади мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова,  сардори комиссариати ҳарбӣ С. Давронзода ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси  ноҳия А. Қаюмиро бодиққат шуниданд.

Ба ғайр аз кормандони ҷамоат дар ин чорабинии маърифатӣ раисону фаъолони маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, аъзои оилаи онҳо ва сарварони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат иштирок доштанд. Дар рафти ҷамъбасти вохўрӣ ташкилкунандагони он ба саволҳои додаи иштироккунандагон посух гуфтанд.

 

                                                                    Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар ноҳияи Деваштич

 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо