[:tj]
«Коронавирус» – ин ном ба ҳама ошност ва дар хона, кўча, бозор, донишгоҳу коргоҳҳо мавзўъи он ҳамарўза баррасӣ мешавад.
Ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз «коронавирус» 11 апрели соли равон вохўрии раиси Ситоди ноҳиявӣ – раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар бо иштироки аъзои ситод, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, маҳаллаҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави «коронавирус» (КОВИД-19) дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласа баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби раиси ситод ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии вируси мазкур ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ тавсияҳо пешниҳод гардида, ба раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масчидҳо барои расонидани маълумотҳои зарурӣ бобати пешгирӣ аз сироятёбии вируси нави «коронавирус» (КОВИД-19) ба шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.
Орифҷон Олимзода
аъзои Ситоди ноҳиявӣ – сардори бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб[:]