[:tj]
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз оғози ҳафта гурӯҳи таблиғотӣ оид ба расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи Сибири Федератсияи Россия суҳбату вохӯриҳои худро ба роҳ монданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ хабар медиҳад.
Дар доираи сафари корӣ ва фаҳмондани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шаҳри Новосибирск шурӯъ гардид, гурӯҳи тарғиботӣ бо пешбарии Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён, узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода ва дигарон ба шаҳрҳои Омску Томск ва Новокузнетск рафта, бо ҳамватанону соҳибкорони ватанӣ вохӯриҳои судманд гузарониданд. Ҷамъияти тоҷикон дар Новокузнетск бо номи “Дӯстии халқҳои русу тоҷик” дар саросари ФР чун як ҷамъияти пешқадам ва муаррифи расму оин ва таърихи пурғановати миллати тоҷик шинохта шудааст. Раиси ин ҷамъият Шавкатҷон Тоҳиров, фаъолони ҷамъияти мазкур Раҳмоналӣ Одинаев, Имомиддин Сониев, Қаҳрамон Ҳамадамов ва дигар соҳибкорони ватанӣ аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз ба воситаи сулҳу амониву ободкориҳояш чун як давлати дар ҳоли рушд шинохта шудаасту онҳо барои пешравиҳои Ватан ҳамеша талош мекунанд ва мехоҳанд дар ин кор саҳми арзандаи худро гузоранд.
Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки “аз ҷониби Шавкатҷон Тоҳиров, Раҳмоналӣ Одинаев ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин барои кушодани хатсайрҳои нав, аз ҷумла қатораҳои боркашу мусофирбар тариқи роҳи оҳан ба минтақаи Сибир дархост пешниҳод гардид, ки мо ин пешниҳодҳоро ҳатман дар доираи салоҳияту имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ин пешниҳоди хубест, зеро ба минтақаи Сибир, ки аз ҷиҳати масоҳат калонтарин мебошад, овардани меваю сабзавоти барвақтию тирамоҳии Тоҷикистон, ки бо лаззату хосиятҳои шифобахшиашон бартарӣ доранду талабгоронашон инҷо хеле зиёданд, хеле муҳим мебошад”.
Инчунин дар вохӯрӣ миёни иштирокчиён ва ҳайти гурӯҳи тарғиботӣ доир ба масъалаҳои марбут ба нафақаи меҳнатӣ, барои онҳое, ки фаъолияти кориашон расман ба қайд гирифта шудаасту солҳои зиёде дар ФР фаъолият мекунанд, арзонтар кардани чиптаҳои ҳавопаймо, ба эътидол овардани масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, нархи патент, қабули довталабон ба донишгоҳҳои минтақаи Сибир саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Ҳайати корӣ изҳор дошт, ки тамоми дархосту пешниҳодҳои онҳоро барои баррасӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба сохторҳои салоҳиятдор мерасонанд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои пешниҳодгардида давра ба давра ҳалли мусбати худро меёбанд.
Мавриди зикр аст, бо дастгирии соҳибкорони ватание, ки дар Новокузнетск фаъолият доранд, ба мисли Шавкатҷон Тоҳиров ва Қаҳрамон Ҳамдамов дар вилояти Суғд даҳҳо километр роҳҳо мумфарш карда шуда, толори варзишӣ барои сесад кас сохта шуд, як қатор роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин бо шинонидани симчӯбҳо чароғон карда шуданд. Инчунин аз ҷониби ин соҳибкорони ватандӯст пайваста ба мактаб-интернатҳо кумакҳои хайриявӣ расонида мешаванд.
Соҳибкорон Раҳмоналӣ Одинаев ва Имомиддин Сониев дар ноҳияи Нуробод дӯкони савдо ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода, ба ин восита шуморае аз сокинони маҳалиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд. Чунин ободкориҳо бисёранд,- гуфт зимни суҳбат раиси Ҷамъияти тоҷикон бо номи “Дӯстии халқҳои русу тоҷик” Шавкатҷон Тоҳиров ва илова намуд, ки “мо ҳамеша дар ҳама вохӯриҳо омодагии худро барои хизмат ба Ватану мардум расонида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша аз ҳоли мо, ҳамватанони бурунмарзӣ бохабаранд ва барои дастгирии мо пайваста талош мекунанд, изҳори сипос менамоем”.
Дар ҷараёни ин суҳбату вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботӣ ба масъалаҳои дигар, аз қабили забондонию донишандӯзӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ изҳори назар намуда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ, хусусан ҷавононе, ки дар ин минтақаи Федератсияи Россия ба корҳои гуногун машғуланд ё таҳсил мекунанд, даъват ба амал оварданд, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳушёрию зиракии сиёсӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд ва фирефтаи ваъдаи намояндагони ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нагарданд.
“Имрӯз равияҳои иртиҷоӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷавононро ба доми худ афтонда, ба воситаи онҳо ғаразҳои нопоки худро амалӣ кунанд. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд ва бо донишу фарҳанги воло, бо анҷоми амалҳои неку созандаи худ номи миллату давлати хешро боз ҳам боло бардоранд ва ифтихори Ватани худ бигарданд”,- изҳор дошт узви Маҷлиси миллӣ Қаноатшо Лоиқзода.
Ҳамватанони бурунмарзӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз баргузории чунин вохӯриҳои судманд иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан барояшон дар мадди аввал меистад ва тамоми дастуру ҳидоятҳои созандаю ободкоронаи ҲХДТ-ро бо сарварии Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Омск ва Томск низ сурат гирифтанд.
АМИТ «Ховар» [:]