Аз Помир то Байкал: ҷашнвораи сулҳу дӯстӣ дар Иркутск

[:tj]Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск «Ҳамватанон-Соотечественники» ҷашнвораи «Пули дӯстӣ дар Иркутск» баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангӣ дар доираи лоиҳаи «Аз Помир то Байкал: минтақаи сулҳу ваҳдат» сурат гирифта, яке аз тадбирҳои аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ муҳими минтақа ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ҷашвора ҳифзу қадршиносии арзишҳои миллию фарҳангии халқияту миллатҳои маскуни воҳаи Амур буда, инчунин баргузории он ҷиҳати таҳкими дӯстию рафоқати байни миллатҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи чорабинӣ тоҷикони минтақа намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои зебо ва хӯрокҳои лазизи миллӣ ба намоиш мегузоранд, ки намояндагони қавму миллатҳои гуногун тавассути он аз фарҳунгу тамаддуни пурғановат, урфу анъанаҳои мардумии мо ошноӣ пайдо мекунанд.

Тавре раиси ҷамъият Муриват Маликшоев иттилоъ дод, ин навбат бинобар вазъи эпидемиологӣ чорабинӣ бо риояи қоидаҳои зиддиэпидемикӣ дар доираи маҳдуд гузаронида шуд. Вале то қадри имкон намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакану кашидадӯзӣ, ҷӯробҳои бадахшонӣ, асбобҳои мусиқӣ, шириниҳо ва албатта оши палави тоҷикӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.

Ҷашвора тайи солҳои охир пайваста баргузор шуда, сол аз сол густариш меёбад ва ба сифати як чорабинии анъанавии фарҳангӣ дар минтақа эътироф шудааст. Муҳимияти иҷтимоӣ ва фарҳангии онро ба инобат гирифта маъмурияти вилояти Иркутск дастандаркорони онро бо ҷоизаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ кардааст.

Ташкилу баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи эълони «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» басо рамзӣ буда, ба раванди ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо, инчунин таҳкиму дӯстию рафоқати байни халқияту миллатҳо мусоидат хоҳад кард.

 

                                    Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                         ва шуғли аҳолӣ ҶТ дар ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо