Аксияи муштарак бахшида ба Рўзи Парчам

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.

Дар тантанаҳои идона бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ сокинону кормандони ниҳодҳои гуногуни ноҳия ширкат варзиданд. Ҷавонони ноҳия бо шукргузорӣ аз кишвари ободу озоди Ватан бо шиору овезаҳо, таранумгари ваҳдату ягонагӣ ширкати фаъолона намуда, ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ Парчами миллиро омода ва дар рўзи тантанаҳои идона пешниҳод намуданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сати баланди ташкилӣ баргузор гардид ва пас аз садо додани суруди миллӣ, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар ёдоварӣ аз он карданд, ки Парчами миллии мо тибқи расму оини парчамгузорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инникоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад.

Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохта чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд. Дар тантанаҳои идона ҳамзамон хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли фарҳангу ҳунармандони шинохта бо пешниҳоди шеру суруд дар васфи Парчам, ватану ватандорӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ барои сокинони ноҳияи Варзоб санаи муҳиму таърихӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола арҷгузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ чорабиниҳои рангини фарҳангӣ доир карда мешавад.

Дар чорабинии болозикр аз тарафи бахш дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи муштарак гузаронида шуда, ба сокинони ноҳия буклетҳо дар мавзуъҳои «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия» ва «Омўзиши касбҳои коргарие, ки дар бозори меҳнат сарталабанд» ба миқдори 650 нусха тақсим гардид.

 

                                                                                     Орифҷон Олимзода

                                                          мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар ноҳияи Варзоб

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо