Аксияи “Тозагии соҳил” дар Варзоб

[:tj] 

Ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва туризм тасдиқ гардидааст. Ин аст, ки таъмини ҳолати санитарию экологии он бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошандагон қарор дошта бошад.

Бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Шуғл ва муҳоҷират»-и бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб, 19-уми марти соли ҷорӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур 112 нафар фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб иштирок намуда, барои тоза кардани соҳил, нарм ва сафед кардани дарахтон, шинонидани гулҳои мавсимӣ, рўбучин кардани шоҳроҳ, ду тарафи канал ва дохили канал аз алафҳои бегона ва партовҳои ҷамъшуда тоза карда  корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монданд.

Ҳамзамон кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба моҳияти аксияи “Тозагии соҳил” суҳбату вохўриҳо гузаронида ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо ба аҳолӣ ва масъулини ҷамоату деҳот маслиҳатҳо доданд.

 

                                                               Орифҷон Олимзода

                     мудири бахши Хадамоти муҳоҷират – раиси ташкилоти

                            ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

                                         «Шуғл ва муҳоҷират» дар ноҳияи Варзоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо