Аксияи фаҳмондадиҳӣ дар Бохтар

[:tj] 

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТдар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир 18-декабр дар маркази вилояти Хатлон аксияи фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Бино ба гуфти сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмуд Хоркашев аксия якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти ғайридавлатии “Ҳилоли аҳмар” баргузор карда шуд.

Кормандони раёсат ва волонтиёрҳои созмони “Ҳилоли аҳмар” дар маркази шаҳри Бохтар бо мардум вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, пешгирии бемориҳои сироятӣ суҳбатҳо гузаронида ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карданд.

Бояд гуфт, ки раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва танзими раванди муҳоҷират бо 19 диаспораҳои тоҷикони бурунмарзӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Соли 2020 бо супориш ва дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода се гурӯҳи корӣ аз вилоят бо роҳбарии муовинони раиси вилоят ба шаҳрҳои гуногуни Россия сафар карда бо мақомтҳои шаҳру вилоятҳои он ва муҳоҷирони меҳнатию соҳибкорони тоҷики муқими россия вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.

Натиҷаи ҳамкориҳои раёсат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ аст, ки муҳоҷирон ва соҳибкорони бурунмарзӣ дар ободу зебо гардонии кишвар аз ҷумла маҳалҳои зисти хеш, сохтмону ташкили коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ, таъмири роҳу пулҳо ва ғайра саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон 57 ҳазору 677 нафар сокинони вилояти Хатлон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз ин 52 ҳазору 218 нафараш мард ва 5 ҳазору 459 нафар зан мебошад.

                                                            Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                          дар вилояти Хатлон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо